Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Кафшергар ва донандаи забони кореягӣ. Қабули нахустин гурӯҳи муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Корея
Дата публикации: 18:1325.12.2024
Маъракаи сафарбаркунии шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ аз семоҳаи аввали соли 2025 оғоз мегардад.
Тибқи дархости корфармоёни Ҷумҳурии Корея гурӯҳи аввал бо ихтисоси кафшергар (сварщик) фиристода мешавад, хабар медиҳад Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Шарти қабул ва интиқоли корҷӯён аз ҷониби корфармо:
Интихоб ва омодасозии ҳуҷҷатҳо барои сафар ва супоридани имтиҳони забони кореягӣ бо ҳузури намояндагони Ҷумҳурии Корея сурат мегирад.
Шаҳрвандон метавонанд дар дилхоҳ марказҳои забономӯзии ба онҳо мувофиқ забони кореягиро омӯзанд.
Барои маълумоти бештар ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Лоҳутӣ бинои 108 муроҷиат намоед ё ба рақамҳои зер занг занед: 250-32-42 (Вазорат), 221-39-67, +992 55 555 1080, +992 987 906 666, +992 915 767 743, +992 930 934 994, +992 934 53 51 93 ва +992 906 88 93 13
Ёдовар мешавем, 31 октябри соли ҷорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Кореяи Ҷанубӣ Ёддошти тафоҳум “Оид ба фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати кор (EPS)-и Корея” ба имзо расид.
Дар заминаи Ёддошти мазкур бояд аз оғози соли 2025 интиқоли қувваи корӣ ба Корея сурат гирад.
234 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
12 часов назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
12 часов назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
2 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
3 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
3 дня назад