fbpx

Кӯмак ба муҳтоҷон. Фаъолияти волонтёрон дар Конибодом

Аз волонтёрӣ дар авҷи пандемияи короновирус то ташкили гурӯҳи хайриявии “Дунёи умед” ва кори бемузди иқтисоддон Умедҷон Хидиров.


-2
-2 points
Гурӯҳи волонтёрони тоҷик
Ин ва дигар аксҳо аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Умед Хидиров волонтёр ва соҳибкор аст. Вай дар замони хурӯҷи пандемияи короновирус ба фаъолияти волонтёрӣ шурӯъ карда буд. Имрӯз низ дар шаҳри Конибодом ва Исфара ӯро ҳамчун як инсони  хайрхоҳ ва фаъол мешиносанд. Қаҳрамони мо созмондиҳандаи Ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи умед” аст. Он бештар дар шаҳри Конибодом фаъол буда, зиёда аз 10 эҳсонкорро муттаҳид касдааст.

Дар Рӯзи ҷаҳонии волонтёрон, 5 – уми декабр соли гузашта муаллифи Your.tj бо яке аз волонтёрони фаъоли шимоли Тоҷикистон, дар хусуси чӣ гуна пеш бурдани корҳои хайриявӣ, натиҷаҳои ғайриинтизори фаъолият ва масъалаи ҷалби волонтёрон ба кори хайриявӣ ҳамсуҳбат шуда буд.

Ашхоси хайрхоҳ зиёд аст?

Умед Хидиров изҳори хушнудӣ дорад, ки дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ ашхоси хайрхоҳ хеле зиёданд. Дар аксар иқдомҳои хайриявии волонтёрон маҳз онҳо сарпарастӣ мекунанд.

Кӯмак ба мактаб
Тақдими гармкунакҳои ба мактаб-интернати санатории № 40 таърихи 4-уми декабр

Масалан, бо ёрии ду тан муҳоҷир, ки берун аз кишвар муваффақ шудаанд,  барои як муассисаи таълимии шаҳри Конибодом 13 гармкунаки барқӣ дастрас кардаанд. Ҳамзамон, аз сафи табибон, ошхонадорон ва сарварони дигар корхонаву ташкилот хайрхоҳон зиёданд, ки ҳангоми хайрот кардан, махфӣ мондани номи худро беҳтар медонанд.

“Бо дастгирии ду муҳоҷири хайрхоҳ ба мактаб-интернати санатории №40-и шаҳри Конибодом 13 гармкунаки барқӣ ба маблағи 7540 сомонӣ харида, дастрас кардем”,- афзуд ӯ.

“Дунёи Умед” чӣ гуна ташкилот аст?

Умед Хидиров дар аввал интизорӣ надошт, ки аз як гурӯҳи хурди хайрхоҳон, то дар сатҳи як ташкилоти ҷамъиятӣ, ки фаъолияташ ба самти хайриявӣ нигаронида шудааст, кор мекунанд.

Моҳи майи соли равон муаррифии Ташкилоти ҷамъиятии гурӯҳи хайриявии “Дунёи умед” доир гардида буд. Дар он намояндагони ниҳодҳои муҳим ва фаъолони шаҳри Конибодом ширкат варзида буданд.

“Имрӯз дар Ташилоти ҷамъитӣ беш аз 10 нафар ҳамчун волонтёр фаъолият мекунанд. Фаъолияти мо ба чанд самт равона шудааст. Аз ҷумла, барои ҷарроҳии кӯдакони бемор, дарёфти сарпараст барои таъмини харҷи кӯдакони ятим ва ба омӯзиши ҳунару забон ҷалб кардани онҳо, дастрас кардани маводи хӯрокворӣ ҳар моҳ ба 25 – 30 оилаи ниёзманди шаҳр мебошад”,- илова кард роҳбари ташкилот.

Волонтёрони “Дунёи умед” дар давоми соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағи мардуми хайрхоҳ  барои ҷарроҳии 2 кӯдаки нуқсони дил дошта, ҷарроҳии пойи боз як кӯдак ва ҷарроҳии чураи ноф (грыжа) – и як шахси пиронсол мусоидат карданд.

Ҷарроҳии дил

“Дар муддати кӯтоҳ маблағи зарурӣ барои табобати кӯдаки хурдсол Амирҷон ҷамъоварӣ гардид ва ҷарроҳию табобаташ ба итмом расид. Модари вай 2 сол боз барои сиҳатшавии писаракаш талош мекард. Ба пойи Амирҷон дар давоми 3-моҳ ҳар ҳафта “гипс” мегузоштанд, то пояш оҳиста – оҳиста рост шавад. Вақте он пурра рост шуд, дар шаҳри Тошканд ҷарроҳӣ кардем. Он хуб паси сар шуд”,- нақл кард Умед.

Сохтмони хона барои ятимон

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоии Ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи умед” наворе гузоштанд, ки барои сохтани хона ба оилае, ки 3 кӯдаки ятим доранд, ташаббус гирифтаанд. Дар он аз ашхоси хайрхоҳ даъват мешавад, ки дар амалӣ кардани кори нек саҳм гиранд. Сохтмони хона барои оилаи осебпазир идома дорад.

“Падари ин хонавода фавтидааст. Модари танҳо руҳафтода нашуда, бо 3 кӯдаки хурдсол зардолуро хушк (баргак) карда, барои фурӯш ба бозор мебарорад. Хонаи зисти ин оила дар ҳоли садама қарор дорад. Онҳо ба як кулбаи нав эқтиёҷи калон доранд. Эълони ҷамъоварии маблағ дар охири моҳи октябр оғоз ёфта буд. Аллакай, дар миёнаи моҳи ноябри соли ҷорӣ девору боми як ҳуҷра тайёр шуд. Корҳои сохтмон дар ин хона идома дорад. Аз дастгирии ҳар шахси хайрхоҳ сипосгузорем”,- гуфт қаҳрамони мо.

Таъмири хона
Бунёди ҳуҷра барои ятимон

Ашки шодӣ

Нозанинбону ном духтарак нуқсони дил (порок сердца) дошт. Ҷарроҳии ӯ хеле хуб сипарӣ шуд. Ин бор низ “Дунёи умед” тавонист, ки боз умеди дили оилаи ниёзмандеро бароварда кунад.

“Вақте ҷарроҳии Нозанинбону хуб анҷом ёфт, ашки шодии волидонаш ҷорӣ шуд. Мо низ шодишарики онҳо будем. Хурсандии онҳо дили моро ба кори нек боз ҳам гармтар кард. Ба кулли хайрхоҳон, ки дар ин иқдом ба мо дасти ёрӣ дароз карданд ва наворҳоямонро паҳн намуданд, сипос мегӯем”,- изҳор дошт Умед.

Ҳангоми ҷарроҳӣ

Тавре маълум шуд, волонтёрони шаҳри Конибодом бо волонтёрони шаҳри Исфара робитаи зич доранд. Масалан, чанде пеш Ташкилоти ҷамъиятии “Ормони Дилҳо”-и шаҳри Исфара дар якҷоягӣ бо бачаҳои “Дунёи умед” тасмим гирифтанд, ки ба Беморхонаи бемориҳои рӯҳии шаҳри Конибодом 50 адад лавозимоти кати хоб (постельное бельё) тақдим карданд. Ҳадафи онҳо ин буд, ки барои некӯаҳволии  ашхоси ниёзманд ҳисса гузоранд.

“Ҷалби волонтёрон ба кори хайриявӣ душвор аст”

Волонтёрони “Дунёи умед” бар ивази хидмати худ ба ашхоси ниёзманд музди маош намегиранд. Умед бар ин назар аст, ки ҷамъ кардани волонтёрон аз ҳисоби мардуми шаҳр ба он хотир каме душвор аст, ки ин кор музд надорад. Ба ҳар ҳол, ба онҳо имкон даст додааст, ки бо чанд волонтёрони доимӣ корро пеш баранд.

“Шукр, ки волонтёрони фаъол дорем. Аз ҷумла, Кибриё Обидова, Манучеҳр Ғафуров, Мавҷудахон Бобошукурова, Шарофат Махкамова, Иродахон Носирова, Гулчеҳра Ибрагимова, Дилноза Шарифҷонова, Шаҳноза Баирова, Камуна Мамадҷонова, Муродҷон Юсупов, Асалбегим Ҷувонбекова, Рухшона Мирвосиева, Гулрухсор Тӯхтасунова, Мавҷуда Анварова ва Сулаймон Яъқубов дар таъсиси гурӯҳи хайрхоҳон саҳм гузошта, дар корҳои хайриявӣ фаъолият нишон додаанд. Онҳо бо сипосномаҳои гуногун қадрдонӣ карда шуданд”, – изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Волонтёрон

Дасти дуои пирони рӯзгор

Аз деҳаи Равоти шаҳри Конибодом шахси солманд, ки аз оилаи ниёзманд будааст, ба Ташкилоти хайриявви “Дунёи Умед” муроҷиат кард, то дар ҷарроҳӣ барояш кӯмак кунанд. Баъди ташхису таҳлил маълум шуд, ки бемор ба ҷарроҳии чурраи ноф эҳтиёҷ дорад.

“Бо дастгирии соҳибкорон ҳамаи харҷи бемор пардохт шуд. Дар ин кори хайр сардухтури беморхонаи вилоятӣ, ҷарроҳи соҳибкасб Зокирҷон Ғафуров низ саҳми зиёд гузоштанд. Чанде пеш хабар ёфтем, ки саломатии бобо барқарор гардидааст. Ӯ ҳамаи ашхосе, ки барояш кӯмак кардаанд, дуои хайр кард. Ба фикри ман, дуои чунин ашхос боис мешавад, то дар кору зиндагӣ  ба комёбӣ расем”,- илова кард Умед Хидиров.

Мавҷудахон Бобошукурова модари қаҳрамони мост. Ӯ низ дар баробари фарзанди худ ба фаъолияти волонтёрӣ машғул аст. Модари меҳрубон маслиҳатгару роҳнамои аҳли гурӯҳ буда, волонтёрон дар оғози ҳар кори нек дуояшро мегиранд.

Дар бораи шахсияти Умед

Умед Хидиров дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Падараш табиб ва модараш омӯзгор буда, барои соҳиби маълумот шудани ягона писарашон кӯшиш кардаанд. Вай пас аз хатми мактаби миёнаи № 3-и ба номи Бурҳон Фаррухи шаҳри Конибодом ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дохил мешавад. Ин даргоҳро бо ихтисоси иқтисоддон хатм карда, ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мешавад.

Умед волонтёри тоҷик аз Конибодом

“Устодони ман дар самти кори хайриявӣ Фарангис Шарифова ва Парвиз Касимов мебошанд. Бори аввал якҷоя бо онҳо дар айёми хурӯҷи пандемияи короновирус ҳамчун волонтёр дар хидмати мардуми ниёзманд шудам. Соли 2020 гурӯҳи хайриявии “Дунёи умед”- ро фаъол карда, мустақилона корро сар кардем. Холис кор мекунем, бе маош. Бароямон дуои мардум ва ризояти Худованд муҳим аст”, – афзуд ҷавон.

Таъсиси коргоҳ барои бо кор таъмин кардани бекорон

Феълан дар шаҳри Конибодом бо сарпарастии як тан соҳибкори муқими Маскав корхонаи консервабарориро фаъол карданд. Таъсиси ин коргоҳ идеяи Умедҷон Хидиров буд. Дар он ҷо коркарди меваи хушк ва нӯшобаро ба роҳ монданд.

“Ҳадаф аз ташкили коргоҳ бо ҷойи кор таъмин намудани ашхоси ниёзманд аст. Ин лоиҳаро зимни сафар ба Масав бо як соҳибкори муваффақ тарҳрезӣ кардем. Он кас пештар низ сарпарасти иқдомҳои хариявии ташкилоти мо буданд. Ба ман роҳбарии ин коргоҳро бовар карданд.

Айни ҳол дар коргоҳ 3 нафар бо кори доимӣ таъминанд. Ният дорем, ки таҷҳизоти навро ворид карда, иқтидори истеҳсолиро афзиш диҳем. Кӯшиш мекунам, ки дар як вақт ба фаъолияти хайриявӣ ва соҳибкорӣ машғул шуда, ба халқ хидмат кунам”,- изҳор дошт қаҳрамони мо.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
5
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
7
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend