fbpx

КҲФ: Қурбонии селхезӣ дар Кӯлобу дигар минтақаҳо ба 9 нафар расид

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз Азия-Плюс

“Фурӯравии замин дар ноҳияи Ҷомӣ идома дорад”. Ба зарардидаҳо замин додаанд

Барои 20 хонаводаи зарардида аз лағзиши замин дар деҳаи Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаҳои замин ҷудо кардаанд. Шаби 8 ба 9-уми май дар ин деҳа лағзиши замин шуруъ шуд ва то кунун беш аз 100 гектар замини кишоварзии сокинон ва 20 манзили онҳо фурӯ рехтааст.

Ба гуфтаи масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ва намояндагони Cитоди ҷумҳуриявии рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ, лағзиши замин дар деҳаи Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз 8-уми май ба ин сӯ идома дорад. Ба ин далел, масоҳати то 30 метри атрофи ҷойи ҳодиса барои гаштугузор мамнуъ шудааст.

Бар асари ин ҳодиса дар ҷамоати Ифтихор 20 манзил пурра зери замин рафтанд. Ба гуфтаи ӯ, 167 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.

Ба гуфтаи сухангӯи КҲФ Умеда Юсуфӣ, Ситоди ҷумҳуриявии рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ тасмим гирифтааст, барои ҳар як оилаи зарардида дар маҳалли амни ҳамин деҳа 10-сотихӣ замин ҷудо карда, манзили навро дар муддати як моҳ бунёд кунад.

Ситоди ҷумҳуриявии рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ дар саҳни ҳавлии мактаби шумораи 50-и ин деҳа барои осебдидагон “шаҳраки хаймавӣ” таъсис додаанд

Феълан созмонҳои байналмилалии имдодӣ ва шахсони хайрхоҳи маҳаллӣ ба осебдидагон ин ҳодиса ёриҳо ироа мекунанд. Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, барои зарардидаҳо кумакҳои USAID ва ЮНИСЕФ дастрас карда шудааст.

Дар пайи селхезии Кӯлобу дигар минтақаҳо 9 нафар фавтиданд

Боронҳои шадид ва селхезиҳои рӯзи 11-уми май дар ҳудуди вилояти Хатлон хонаҳои зиёди сокинонро вайрон ва 9 нафарро қурбон кард.

Имрӯз, 12 май дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурявӣ, ки барои рафъи оқибатҳои селхезиҳои ахир ташкил шудааст, таҳти раёсати сарвазир Қоҳир Расулзода ва раисони КДАМ, ВКД, КҲФ, вазири нақлиёт, раиси вилояти Хатлон ва раисони ниҳодҳову шаҳру ноҳияҳои дигар баргузор шуд.

То ин вақт Кумитаи ҳолатҳои фавқулода марги се сокини шаҳри Кӯлоб, се сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва як сокини шаҳри Ҳисор, як сокини ноҳияи Кушониён ва як сокини ноҳияи Вахшро тасдиқ намуд.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фақулодда, сел ба 15 шаҳру ноҳияи кишвар хисороти бузург расонида, хонаҳои истиқоматӣ, замину киштзорҳо, ҳайвоноти мардум, роҳҳои мошингард, пулҳо ва дигар иншоот зарари калон расонидааст. Ҳаҷми хисороти воридаро Комиссияи ҳолатҳои фавқулодае, ки таҳти раёсати сарвазир ташкил шудааст, маълум мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон сокинонро ба Иди фитр шодбош гуфт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии Иди саиди Фитр табрику таҳният гуфт.

Дар паёми шодбошӣ ба ин муносибат ӯ аҳолиро ба ҳарчи зудтар анҷом додани кишти баҳорӣ, зиёрати падару модарон, аёдати беморону азодорон, дуои хайр дар ҳаққи гузаштагон, кумак ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд даъват кард.

Сарвари давлат инчунин ба оилаҳое, ки наздикону пайвандони онҳо дар натиҷаи даргириҳои мусаллаҳонаи чанд рӯз пеш дар марз бо Қирғизистон ба ҳалокат расиданд, ҳамдардии амиқ баён карда, ба шахсони захмишудаву осебдида шифои комил орзу кард.

Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба арзёбии мутахассисону коршиносон ва изҳороти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, таъкид дошт, ки соли 2021 аз ҳама ҷиҳат ва дар навбати аввал, аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ дар тамоми сайёра дар таърихи 90 – 100 соли охир яке аз солҳои вазнинтарин хоҳад шуд.

Раиси Исфара ҳам баъди шифо ёфтан ба хонаводаи қурбониёни даргириҳо рафт

Баҳоваддин Баҳодурзода, шаҳрдори Исфара ҳам пас аз шифо ёфтану ба кор оғоз кардан, дар нахустин рӯзи корӣ барои ҳамдардӣ ба хонаводаи қурбониёни даргириҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон рафтааст. Дар ин бора  дафтари матбуоти шаҳрдории Исфара хабар додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, шаҳрдори Исфара ба хонаводаи афроди дар ин даргириҳо ба шоҳадат расида рафта изҳори ҳамдардиву таслияти худро иброз кардааст ва шаҳрдорӣ ба ин хонаводаҳо ёрии моддӣ расонидааст.

Бояд гуфт, ки дар даргирии марзии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 29 апрел шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ки дар миёни издиҳом қарор доошт, аз ноҳияи пушташ захм бардошта дар беморхона бистарӣ шуда буд. Ҳоло ба гуфти дафтари матбуоти шаҳрдорӣ вазъи саломатияш хуб шуда, дубора сари кор баргаштааст.

“Имсол зоирони тоҷик ба зиёрати Каъба мераванд”

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки имсол зоирони тоҷик барои адои маносики ҳаҷ хоҳанд рафт. Соли гузашта бо сабаби пандемияи коронавирус роҳ ба Арабистони Саудӣ баста буд.

Дафтари матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон хабар дод, ки мақомоти Арабистони Саудӣ гуфтаанд, имсол маросими ҳаҷ баргузор мешавад.

Ба қавли масъулони Кумитаи дин, шароити баргузории ҳаҷ то ҳол дақиқ нест ва рӯзҳои наздик эълон хоҳад шуд. Вале тибқи иттилои як манбаи огоҳ, имсол зоироне ба Арабистони Саудӣ сафар карда метавонанд, ки ваксинаи зидди COVID-19 гирифтаанд. Мақомот то ҳол расман ин маълумотро шарҳ надодаанд. Солона аз Тоҷикистон ҳудуди 6 ҳазор нафар барои адои маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мераванд. Мақомот гуфтанд, имсол низ омори зоирин аз Тоҷикистон бетағйир аст.

Бозиҳои варзишии Тоҷикистон моҳҳои май – июн мегузарад

Бахшида ба 30-солагии ҷашни Истиқлол дар Тоҷикистон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим аз 21-уми май то 30-юми июни имсол Бозиҳои варзишии Тоҷикистон доир мегардад. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ба барномаи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон 15 намуди варзиш – баскетбол, бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, волейбол, гуштигирӣ, гуштии варзишӣ (тарзи озод ва юнониву румӣ), камонварӣ, каратэ, қайиқронӣ, самбо, таеквондо, ҳандбол, ҷудо ва шиноварӣ – ворид шудааст.

Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 рӯзи 22-юми май бо мусобиқаи варзиши сабук оғоз мегардад, ки ду рӯз идома хоҳад кард. Сипас, баргузории дигар мусобиқаҳои варзишӣ оғоз мешаванд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend