fbpx

Дар ноҳияи Айнӣ бар асари садамаи нақлиётӣ 4 нафар дар дарё ғарқ шуданд. Онҳоро КҲФ меҷӯяд

Мо мухтасар аз тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акси мавзӯӣ/манбаҳои боз

Дар ним сол нафақаи миёна дар кишвар 1 сомониву 17 дирам зиёд шуд

Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми нафақаи миёна дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1 сомониву 17 дирам зиёд шуда, 320,09 сомониро ташкил дод.

Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҷумҳурӣ Дилмурод Давлатзода зимни нишасти матбуотии имрӯза хабар дод, ки шумори нафақахӯрон дар ин давра 2,2% афзуда, то 1 июл ба 761 ҳазору 312 нафар расид.

“Барои пардохти нафақа давлат ҳар моҳ 253,3 млн сомонӣ маблағ ҷудо мекунад, ки 2,4% ё худ 5,9 млн сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст”, – изҳор дошт роҳбари Агентӣ.

Дар ҳамин ҳол, Дилмурод Давлатзода зикр кард, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба зиёни буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа кор мекунанд.

Мақомот гуфтанд, “Толиб Айёмбеков дигар қарздор нест”

Раиси бонки давлатии “Амонатбонк” мегӯяд, Толиб Айёмбеков, фармондеҳи собиқ ва аз афроди бонуфуз дар Бадахшон, “дигар қарздор нест”.

Сироҷиддин Икромӣ рӯзи 22-юми июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “Айёмбеков ду сол пеш қарзашро пурра баргардонд”, аммо нагуфт, ки чӣ қадар ва ба чӣ шева.

Айёмбеков бо писараш соли 2010 аз “Амонатбонк” 455 ҳазор сомонӣ гирифта буданд. Пештар намояндагони бонк гуфта буданд, амволи фармондеҳи собиқро ба фурӯш гузоштанд.

Толиб Айёмбеков рӯзи 11-уми июни имсол дар Хоруғ дастгир шуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ӯро ба ҷиноятҳои вазнине ба мисли куштор, авбошӣ, ғоратгарӣ, қочоқи маводи мухаддиру силоҳ ва барангехтани кинаву адоват гумонбар донистааст. Аз он замон то ҳоло назари наздиконаш маълум нест.

Дар ноҳияи Айнӣ ҷасади 5 нафари дар дарё ғарқшударо меҷӯянд

Субҳи имрӯз имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавулода дар гуруҳи ноҳияҳои водии Зарафшон ба ҷустуҷӯи ҷасади ҷавонзани дар дарёи Зарафшон ғарқшуда идома доданд, хабар медиҳад қисми навбатдории Кумита.

Ин зани 23 сола, ки сокини деҳаи Шаватки Поёни ҷамоати Рарзи ноҳияи Айнӣ мебошад, рӯзи 21 июл бо сабабҳои номаълум худро ба дарё партофтааст.

Гуфта мешавад, имрӯз ҳамчунин корҳои ҷустуҷӯи чор нафаре, ки бар асари садама ба Фондарё афтода буданд, идома ёфтанд.

“Садама дар қаламрави ноҳияи Айнӣ, дар километри 126-уми роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд рух дод”, – гуфтанд дар Кумита.

Ба иттилои манбаъ, мошини сабукрави тамғаи Mercedes-Benz зимни ҳаракат аз Душанбе ба Хуҷанд бо сабабҳои номаълум ба ҷарии 120-метра сарозер рафта, ба Фондарё афтодааст.

“Замони рух додани садама 4 нафар дар мошин қарор доштаанд. Басти навбатдории имдодгарони Кумита ба корҳои ҷустуҷӯ оғоз намуда, лекин натиҷае ҳосил нашуд ва ҷустуҷӯ идома дорад”, – изҳор доштанд дар ин ниҳод.

Афзоиши содироти ангишт аз Тоҷикистон ба Афғонистон

Содироти ангишт аз Тоҷикистон ба Афғонистони зери назари Толибон афзоиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали имсол ба Афғонистон 195 ҳазор тонна ангишгт фурӯхтааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 6 ҳазор тонна бештар будааст.

Ин нукта рӯзи 22-юми июл дар нишасти матбуотии Идораи гумрук дар вилояти Хатлон садо дод.

Мақомот гуфтанд, воридоти молу маҳсулот аз Афғонистон ба Тоҷикистон баръакс кам шудааст. Тоҷикистон дар ним сол ба Афғонистон ба маблағи беш аз 37 миллион сомонӣ молу маҳсулот содир кардааст.

Раиси “Амонатбонк”: “Пеш аз набудани доллару акнун аз камбуди сомонӣ шикоят мекунанд”

Раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон – “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ аз амалкарди мардуми кишвар дар мавриди идоракунии пасандозҳои арзии худ изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ рӯзи 22 июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт: «Онҳо шикоят мекарданд, ки дар бонкҳо долларро дастрас карда наметавонанд, ҳоло изҳори норозигӣ мекунанд, ки дар банкоматҳо сомонӣ нест».

Ба гуфтаи Икромӣ, яке аз сабабҳои аслии камбуди пули миллӣ дар моҳҳои ахир дар он аст, ки мардум пас аз поин рафтани қурби пули Амрико ба таври оммавӣ пасандозҳои долларии худро ба сомонӣ иваз карданд.

Вай таъкид кард, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми пули миллӣ дар муомилот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2,5 млрд сомонӣ афзоиш ёфтааст, вале бо вуҷуди ин, дар кишвар камбуди пули тоҷикӣ мушоҳида мешавад.

Гумруки Хатлон ҳазорҳо ҷилди “Қуръон”-ро ба Афғонистон бозпас фиристодааст

Раёсати гумрук дар вилояти Хатлон садҳо ҷилд китоби “Қуръон”-ро дубора ба Афғонистон бозпас гардонидааст. Ин китобҳоро аввали имсол як соҳибкор мехост ба Тоҷикистон ворид кунад, аммо мақомот онро барои ташхис мусодира карда буданд.

Суҳроб Зокиров, як масъули Раёсати гумрук дар вилояти Хатлон зимни нишасти хабарӣ гуфт, ин китобҳои “Қуръон” бидуни ҳамоҳангӣ бо Кумитаи дин оварда шуда буданд ва бинобар ҳамин, онҳоро ба Афғонистон бозпас фиристоданд. “Барои ворид кардани ин китобҳо ягон намуд иҷозатномаи Кумитаи дини Тоҷикистон набуд”,-гуфт Зокиров.

Ин ниҳод аввали соли ҷорӣ гуфта буд, ки тасмими бозпас гардонидан ё иҷозаи фурӯшаро баъди хулосаи Кумитаи дин ва Кумитаи амният мегиранд.

Мақомот шумораи китобҳоро муаяйн нагуфтанд, вале тақрибан як донааш 2,50 килограм вазн дошта, аз забони арабӣ ба чанд забон баргардон шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend