logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

КҲФ ҷасади духтари 17-солаи сокини Панҷекатро аз Кӯли Ҷавонони Душанбе пайдо кардааст

Сабабу ҳолати ғарқшавии ӯ шарҳ дода нашудааст.

Your tj

15:2801.04.2025

КҲФ ҷасади духтари 17-солаи сокини Панҷекатро аз Кӯли Ҷавонони Душанбе пайдо кардааст

Дирӯз, 31-уми март наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе ҷасади як духтари 17-солаи сокини деҳаи Артучи шаҳри Панҷекатро аз Кӯли Ҷавонон берун овардаанд.

Имдодгарон ҷасадро аз об берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

КҲФ сабабу ҳолати ғарқшавии ӯро шарҳ надодааст.

Ин ниҳод инчунин аз резиши санг дар километри 25-уми роҳи мошингарди Левакант-Данғара хабар додааст, ки бар асари он ду мошини сабукрави тамғаҳои “Mercedes Benz” ва “Opel Zafira” зарар дидаанд.

Акс: КҲФ

Гуфта мешавад, яке аз мусофирони ин мошинҳо бо ҷароҳати вазнин дар бемористони шаҳри Леваканд бистарӣ шудааст.

Ҳодиса 31-уми март, тахминан соати 14:35 ба қайд гирифта шудааст.

КҲФ менависад, барои тоза кардани роҳ аз сангрезаҳо техника ҷудо гардида, ҳаракати мошинҳо ба ду самт таъмин шудааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

20 часов назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

21 часов назад

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

4 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

8 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

11 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ