fbpx

“Кӯдакистони бехатар”. Чӣ гуна назорату масъулият муҳити солим месозад

Муносибати хуби волидон бо мураббиёни кӯдакистон, ба муҳити солими равонӣ, иҷтимоӣ ва маърифатӣ барои таҳсили ояндаи кӯдак замина мегузорад.


0
Ин ва дигар аксҳо аз муаллифи мақола дастрас гардид

Таҳсилоти томактабӣ барои рушди зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва иҷтимоии кӯдак аҳамияти муҳим дорад. Аксари волидон аз кӯдакистон муҳити бехатар, омӯзгорони ғамхор, барномаи таълимии мукаммалро умедворанд.

Омӯзгорону мураббиён низ аз волидон интизори  ҳамкориҳои самарабахшанд, ки ба нафъи рушди кӯдакон аст.

Муаллифи Your.tj ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо мутахассисони соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва психологияи кӯдакон ҳамсуҳбат шуда, дар бораи махсусияти гузаронидани машғулиятҳои омӯзишӣ дар гурӯҳҳои синнусолӣ, меъёри интихоби адабиёти бачагона, филмҳои тавсирӣ ва масъулияти волидону мураббиён дар тарбияи дурусти кӯдак назарашонро пурсон шуд.

Барномаи “Рангинкамон” ва рушди зеҳниву ҷисмонӣ

Тибқи омор дар Тоҷикистон сатҳи фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ба 23,2 дарсад баробар аст. Ҳоло дар кишвар 744 муассиаи таҳсилоти томактабӣ (аз ин шумора 147 кӯдакистони хусусӣ) фаъоланд. Дар онҳо 114 ҳазор кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Ҳамзамон, дар назди муасссиаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 2884 маркази инкишофи барвақтии кӯдак амал мекунад, ки бо фарогирии беш аз 131 ҳазор тарбиятгиранда дар 5569 гурӯҳ фаъолият мекунад.

Дар тамоми муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ корҳои таълиму тарбиявӣ аз рӯи Барномаи тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакони синни томактабӣ – “Рангинкамон” сурат мегирад.

Дар асоси Барномаи мазкур барои ҳар як гурӯҳи синнусолӣ, ки аз давраи тифлӣ (1 солаю 6 моҳа) то давраи калони мактабӣ (аз 5 то 7 сола)-ро дар бар мегирад, реҷаи намунавии рӯз ва мазмуни корҳои равонӣ-педагогӣ муқаррар мегардад.

Гулсара Тошматова, мудири шуъбаи таҳсилоти томактабии Раёсати маорифи вилояти Суғд аст. Ӯ зимни суҳбат махсусияти Барномаи “Рангинкамон”-ро шарҳ дода гуфт, ки реҷаи намунавии рӯз тибқи барнома тартиб дода шуда, машғулияту бозиҳо низ мувофиқ ба гурӯҳҳои синнусолӣ ба роҳ монда мешавад.

Гулсара Тошматова дар иҳотаи кӯдакон

“Тибқи ҷадвал машғулиятҳои шиносоӣ бо адабиёти бадеӣ, расмкашӣ, суробсозӣ (кор бо пластина), гулмонӣ, тартибдиҳӣ (бозӣ бо ашёҳои сохтмонӣ), шиносоӣ бо муҳти атроф, инкишофи нутқ, ташаккули тасаввурҳои оддитарини математикӣ, мусиқӣ, тарбияи ҷисмонӣ, хештаншиносиву халқомӯзӣ, забонҳои русиву англисӣ ва ғайра гузаронида мешавад. Албатта, самаранокии онҳо ба маҳорату дониши мураббия ва хусусиятҳои синусолии инфиродии тарбиятгиранда вобаста аст”,- афзуд Тошматова.

Ба гуфтаи мавсуф, машғулияти хештаншиносӣ ва халқомузӣ ба кӯдакон имконият медиҳад, ки дар бораи оилаи худ, ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми падару модар, омӯзгорону мураббиён, бародарону хоҳарон, ҳамсояҳо ва дигар наздикон маълумот дошта бошанд.

“Дар лаҳзаи фориғ аз машғулият тамошои филмҳои тасвирӣ сурат мегирад. Дар интихоби онҳо низ набояд ба хатоӣ роҳ дод. Филми тасвирии “Сандуқчаи зулбиё”, ки истеҳсоли ватанӣ ва пур аз ҷиҳатҳои тарбиявист, дар ҳамаи кӯдакистонҳои вилояти Суғд дастрас карда шудааст”,- қайд намуд ӯ.

Ҳамчунин таъкид намуд, мураббиён ҳангоми шунавонидани суруду мусиқӣ эҳтиёткорона амал карда, аз намоишиҳое, ки ба сатҳи фаҳмиши бачаҳо номувофиқ аст, худдорӣ кунанд беҳтар аст.

 

Таваҷҷуҳ ба таълими забонҳои русӣ ва англисӣ

Аз оғози соли таҳсили 2025 танҳо муаллимони фанҳои забони русӣ ва англисӣ бояд бо тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо машғулияти омӯзишӣ гузаронанд. Ин тасмим тибқи фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омад.

“Дар кӯдакистонҳо барои гузаронидани машғулиятҳои забони русӣ ва англисӣ воҳиди корӣ ҷудо шудааст. Аз ин рӯ, омӯзгорони ин фан машғулияти омӯзиширо тибқи нақшаи тақвимии тасдиқгардида мегузаронанд. Омӯзиш танҳо бо роҳи шифоҳӣ сурат мегирад.

Кӯдакон бо забони русиву англисӣ аз ёд кардани шеър, нақли афсона ва гуфтугӯ оид ба табиат ва вазъи обуҳаворо омӯхта метавонанд. Дар гурӯҳҳои русӣ ҳамаи машғулият бо ин забон сурат мегирад. Зимни таълим дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ба камол расонидани тарбиятгирандагон дар мадди аввал аст”, – афзуд Гулсара Тошматова.

Масъулияти мураббиён ва дигар кормандони кӯдакистон дар чист?

Ба назари Гулсара Тошматова, аз тарзи пешвоз то гусели мураббия ба ҳолати равонии кӯдак таъсир мерасонад. Агар ӯ ба муваффақияти хурдтарини тарбиятгирандааш бетаваҷҷуҳ шавад, худбоварӣ ва мустақилшавии кӯдак коҳиш меёбад. Онҳо ба меҳру муҳаббати калонсолон доимо муҳтоҷанд.

“Волидон ва шахсони онҳоро ивазкуннада бо боварӣ кӯдаконашонро ба дасти мураббиён оварда месупоранд. Мураббия ва ёвари ӯ дар реҷаи рӯз кӯдаконро ҳамеша ҳамроҳӣ бояд кунанд. Мудири кӯдакистон низ аз ҷараёни иҷрои кори мураббиён назорати қатъӣ бояд барад.

Ҳамшираи тибб ҳам аз вазъи саломатии кӯдакон огоҳ шуда, дар ҳолати зарурӣ ёрии аввалинро расонад. Вақте кӯдакон хобанд, онҳоро ҳеҷ гоҳ танҳо гузоштан нашояд. Мураббия гурӯҳи худро тарк накунад”,- таъкид намуд ӯ.

Хоби кӯдак дар боғча ва аҳамияти назорат

Тамошои барзиёди телевизион, бозии бисёр бо телефонҳои ҳушманд ба мағзи сари кӯдакон бе таъсир намемонад. Кӯдаке, ки асабаш бо ин омилҳо хаста шудааст, ҳангоми хоб низ дар дунёи филмҳои тасиврӣ ё бозиҳои телефонӣ қарор мегирад.

Хоби дурусти кӯдак бояд чӣ гуна бошад? Ба ин суол Масрура Фозилова сармуаллимаи кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии факултети психолгия ва таҳсилоти томактабии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд чунин равшанӣ андохт.

Масрура Фозилова

“Агар меъёри хоби кӯдак риоя шавад, хуб аст. Баъзан кӯдак аз хоб тарсида мехезад, ки ба ин бемории ирсӣ, ё хусусиятҳои анатомӣ-физиологӣ сабаб шуда метавонад. Ғайр аз ин, кӯдакони синни томактабӣ дар хоб хеле ҳассосу бедорхобанд.

Бо як садои тасодуфӣ дар ҷойи хоб тарсида бедор шуданашон мумкин аст. Аз ин рӯ, оромӣ як шарти зарурии хоби дуруст мебошад. Вақте тифли хуфта чашмонашро кушод, ҳатман дар ҷойи хоб шахси калонсолро диданаш лозим, то дилаш осуда гардад”,– гуфт Масрура Фозилова.

Ҷазо додан ба кӯдак бояд чӣ гуна бошад?

Аксар вақт волидон ва мураббиёни кӯдакистон кӯдаконро барои тамошои барзиёди телевизион, бозӣ бо телефон ва ё кирдори дигар ҷазо доданӣ мешаванд. Аммо бачаҳои хурдсол на ҳама вақт аз ҷазои гирифтаашон сабақ мегиранд.

“Истифодаи ҷазо низ меъёру вақт дорад. Имрӯз волидони ҷавон ҷазои нодуруст, аз қабили бо овози баланд сарзаниш кардан, даст бардоштан ба кӯдакро бисёр истифода мекунанд. Ин тарзи ҷазо натиҷаи мусбат намеорад. Кӯдакони синни томактабӣ он чизе, ки аз амали калонсолон мебинанд, мешунаванд дар амал татбиқ мекунанд. Сухани қабеҳи шунидаашонро ба забон меоранд, ҳарчанд мазмунашро намефаҳманд”,- фикр дорад Масрура Фозилова.

Ба қавли ӯ, дар тарбияи кӯдакон ҷазоҳои сабукро истифода бурдан хуб аст. Ба фарзанд фаҳмонем, ки дар нисфирӯзӣ дар кӯча бозӣ кардан чӣ зарар дорад. Агар таъкидро нафаҳмад, дарҳол ба зӯроварӣ гузаштан нашояд.

 

Дар чунин ҳолат методи манъкуниро ба кор бурдан лозим. Мисол, манъ кунем, ки дар офтоби гарм ба кӯча барои бозӣ кардан набарояд. Агар гӯш накард, пас бегоҳ 1 ё 2 соат ба берун баромаданаш намонем. Ин хел ҷазо ӯро ба фикр кардан маҷбур мекунад.

Таъсири манфӣ ба раванди маърифатии кӯдакон

Баланд гӯш кардани суруду мусиқӣ ба парешонии диққат, сустии хотира, пастшавии шунавоӣ оварда мерасонад, ки дар навбати худ ба раванди маърифатии кӯдакон таъсири манфӣ мегузорад.

“Имрӯз волидони ҷавон ба мо, равоншиносон бисёр муроҷиат мекунанд, ки вақте кӯдакро аз назди экрани телевизион ё телефон фарёд мекунанд, дар ҷавоб вокуниш нишон намедиҳад. Ба назар чунин менамояд, ки гӯё нописандӣ дорад. Аммо ин ҳолат сабабҳои дигар низ дошта метавонад.

Аз эҳтимол дур нест, ки кӯдак ба парешони диққат гирифтор мешавад. Раванди маърифатии вай ба телевизион равона шуда, дар ҳақиқат, ҷеғи волидонро нашунида мемонад, – илова кард Масрура Фозилова.

Дар маҷмӯъ, муносибати хуби волидон бо мураббиёни кӯдакистон замина фароҳам меорад, ки кӯдак муҳити солими равонӣ, иҷтимоӣ ва маърифатиро барои таҳсили оянда ва зиндагии мустақил пайдо кунад.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend