Юсуф Раҳмон тасдиқ кард, ки нисбати чор сиёсатмадори шинохта парванда боз шудааст

Прокурори генералии Тоҷикистон гуфт, ки парвандаи онҳо ба парвандаи Усмонзода рабт дорад ва онҳо “дар алоқамандии зич қарор доштанд”.


Акс: Коллажи Your.tj

Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон боз шудани парванда нисбати Аҳмадшоҳ Комилзода, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Акбаршоҳ Искандаров ва Шокирҷон Ҳакимовро тасдиқ кард.

Ӯ имрӯз, 9-уми август зимни нишасти хабари ба рӯзноманирон иттилоъ дод, ки парвандаи онҳо ба парвандаи Усмонзода рабт дорад ва онҳо “дар алоқамандии зич қарор доштанд”, менависад “Азия-Плюс”.

Юсуф Раҳмон бо он ки парванда муҳри махфӣ дорад, маълумоти бештар надода, танҳо зикр намуд, ки парванда аз ҷониби Прокуратураи генералӣ боз шуда, мавриди тафтиш қарор дорад.

“Касе ки ба давлат, ба миллат, ба президент хиёнат мекунад, дар назди қонун ҷавоб медиҳад, навобаста ба он ки чӣ вазифа кор мекунад ё чӣ вазифаро ишғол карда буд”,– гуфт ӯ.

Саидҷаъфар Усмонзода вакили собиқи парлумон ва раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон 12-уми июни соли равон бо гумони “ғасби ҳокимоят” аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум ва боздошт гардид.

Баъдан расонаҳо аз боздошти Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ вазири пешини корҳои хориҷӣ, Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои Олӣ ва ҳуқуқшиноси шинохта Шокирҷон Ҳакимов хабар доданд.

Дар хусуси боздошт шудан ва дар куҷо қарор доштани онҳо прокурори генералӣ маълумот надод.