Юсуф Раҳмон пинҳон мондани рабудани Шуҳрат Исматуллоевро камбудии мақомот донист

Гурӯҳи ҷиноятӣ барои пинҳон мондани амалҳояшон мошин, ҷасад ва асбобҳоеро, ки аз он истифода карданд, ба дарё партофтаанд.


Прокурори генералии Тоҷикистон

Юсуф Раҳмон прокурори генералӣ бо ёдоварӣ аз он ки Тоҷикистон аз амнтарин кишварҳои дунёст, сабаби ноаён мондани ҷинояти одамрабоиро ба таҷрибаи кор дар мақомоти интизомӣ доштани ду нафар аз аъзоёни гурӯҳи ҷиноятӣ рабт дод.

Ӯ гуфт ин ду нафар, ки аз тарзи тафтишоту корҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ огоҳ буданд, тавонистанд барои рабудани муовини раиси “Ориёнбонк”, Шуҳрат Исматуллоев омодагӣ бигиранд ва ин амалро анҷом диҳанд.

Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон онҳо дар тайёрӣ ба ин ҷинояти мудҳиш аз роҳҳои конспиратсия истифода карда, кӯшиш карданд амалҳояшон ноаён монанд.

“Ин сабаб шуд ки мо, яъне кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тайёрӣ ва содиршавии ин ҷинояти мудҳишро пешгирӣ карда натавонистем. Ин камбудии мо аст”,- афзуд ӯ.

Прокурори генералӣ гуфт, гурӯҳи ҷиноятӣ барои пинҳон мондани амалҳояшон мошин, ҷасад ва асбобҳоеро, ки аз он истифода карданд, ба дарё партофтаанд.

Ӯ афзуд, бо вуҷуди ин дар муддати ҳамагӣ ду рӯз ин ҷиноят кушода шуд.

“Айни ҳол 13 нафар дар боздоштанд. Се нафари дигар, ки дар хориҷаанд, рӯзҳо ё моҳҳои наздик ҳатман дастгир карда ба Тоҷикистон меоварем”, – таъкид кард Юсуф Раҳмон.

Ӯ гуфт, оянда талош хоҳанд кард, тайёрӣ ба чунин ҷиноятҳо ва содиршавии онҳо ноаён намонад ва амнияту осудагии кишвар таъмин карда шавад.

Мақомоти прокуратура баъди қариб ду моҳи корҳои ҷустуҷӯӣ аз дарёфти ҷасади Шуҳрат Исматуллоев хабар дод. Гуфта мешавад, он ду рӯз пеш, дар ҳудуди деҳаи Саразми шаҳри Панҷакент аз дарё ёфт шуда, дар натиҷаи ташхис шахсияташ муайян гардидааст.