fbpx

Ёдгориҳо, нишонаҳои 75 зарб ва осори то рӯзи марг. Тамошои қадамҷои охирини Айнӣ

Ин ҳамон осорхонае, ки дар дусолаи ахир баҳси тахрибаш миёни мақомот ва ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ вокунишҳои шадидро ба бор овард.


1
1 point
Осорхонаи адабии устод Айнӣ
Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ

Устод Садриддин Айнӣ аз соли 1951 то 1954, яъне то нафасҳои охирин дар шаҳри Душанбе зиндагӣ кардааст. Дар хонаи истиқоматии устод Айнӣ пас аз маргаш, соли 1978 ба ифтихори 100-солагии адиб Осорхона боз намуданд.

Ин ҳамон осорхонае, ки дар дусолаи ахир баҳси тахрибаш миёни мақомот ва ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ вокунишҳои шадидро ба бор овард. Имрӯз, 15-уми апрел, дар 146-солагии устод Айнӣ Your.tj шуморо ба сайри Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе мебарад.

Қадамҷои охирини устод Айнӣ

Садриддин Айнӣ 15-уми апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Аморати Бухоро ба дунё омада, ҷавониашро дар Бухоро ва камолоту даврони пиронсолагиашро дар Самарқанд ба сар бурд. Дар ҳамин ҳол, устод Айнӣ ҳамвора ба Душанбе (Сталинобод) рафтуомад дошт ва дар охири умраш ҳудуди се сол ин ҷо зиндагонӣ кард.

Ҳавлии Осорхонаи устод Айнӣ дар Душанбе
Ҳавлии Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ дар Душанбе

Эраҷ Айнӣ, раҳбари “Бунёди адабии Садриддин Айнӣ” ва набераи устод дар боздиди Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ моро ҳамроҳӣ ва роҳнамоӣ кард. Ӯ гуфт, устод Айнӣ аз соли 1951 то 1954, яъне то охирин нафасҳои дар тан доштааш ин ҷо зиндагонӣ кардааст.

“Ин хона қадамҷои охирини устод Айнӣ аст ва гарчанде хеле кам дар ин хона умр ба сар бурда бошанд ҳам, хотираҳои рангин дорад”,- афзуд Эраҷ Айнӣ.

Ба гуфтаи ӯ, “Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ дар Душанбе барои миллати тоҷик аҳамияти муҳимми таърихӣ дорад ва аз адабу фарҳанги волои миллати мо гувоҳӣ медиҳад”.

Осорхона чӣ осор дорад?

Дар берун нимпайкараи аз девор ва лавҳаи осорхона барҷаста ва дар даромадгоҳи осорхона нимпайкараи дигари устод Айнӣ гузошта шудааст ва барои ҳар бинанда ин аён хоҳад буд.

Даромадгоҳи осорхонаи Айнӣ дар Душанбе
Нимпайкараи устод Айнӣ дар девори беруни Осорхона

Дар ҳамин ҳол, Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ дар Душанбе аз панҷ ҳуҷра иборат аст, ки дар ҳар яки он мавод вобаста ба ҳаёт ва фаъолияти Садриддин Айнӣ маҳфузанд.

Бояд гуфт, Садриддин Айнӣ нахустин Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Академияи фанҳои Республикаи советии сотсиалистии Тоҷикистон) маҳсуб мешавад. Дар хонаи мобайнии Осорхона мизи кории устод Айнӣ, ки аз ҷониби Мисри Араб дар замини кушодашавии ин даргоҳи илмӣ ҳадя гашта буд, нигаҳдорӣ мешавад.

Мизи кории устод Айнӣ
Мизи кории устод Айнӣ

Дар ин ҳуҷраи марказӣ инчунин радиои калони аз он истифода кардаи адиб то ба ҳол маҳфуз нигоҳ дошта шудааст.

Девораҳои ин ҳуҷраро расмҳои таърихии дар замонҳои гуногун бардоштаи Қаҳрамони Тоҷикистон ороиш медиҳад.

Дар ҳуҷраи дуюми Осорхона чизҳои шахсӣ, маводи марбут ба ҳаёту фаъолияти устод Айнӣ аз давраи хурдсолӣ то Инқилоби Октябр ва Инқилоби Бухоро (солҳои 1917—1920) гирд оварда шудаанд.

Дар мобайни ҳуҷра, дар болои миз лавҳае бо китоби дӯстдоштаи Айнӣ “Ахлоқи Муҳсинӣ” дар болои мизи кандакоришуда аз ҷониби М. Олимов гузошта шудааст.

Дар ин хона сиёҳидон ва қаламеро метавон дид, ки ба Айнӣ падараш соли 1886 ҳадя карда буд.

Девораи ин ҳуҷраро инчунин танбӯре зеб медиҳад, ки онро дӯсту ҳаминишини устод Айнӣ, Хоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ ба он кас тӯҳфа кардааст.

Танбӯре, ки ба устод Айнӣ туҳфа шудааст

Ҳамин тавр, дар девори ин ҳуҷра аксҳои таърихии устод Айнӣ, ба вижа акси баъди 75 чӯб задан насб гардидааст.

Акси тахтапушта устод Айнӣ баъди 75 чӯб
Акси тахтапушта устод Айнӣ баъди 75 чӯб

Аз мизи корӣ то кассетаҳо бо овози устод Айнӣ

Дар ҳуҷраи дигар экспонатҳои солҳои 20-50, аз ҷумла китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”, ҷоизаҳо, дипломи доктори илм, мизе, ки дар паси он дар вазифаи президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст ва ғайра ҷамъ оварда шудаанд.

Дар ҳуҷраи чаҳорум чизҳои шахсии Садриддин Айнӣ, ба мисли соат, либос, корд, қайчӣ, айнак ва монанди он ҷамъоварӣ шудааст.

Чойник ва пиёлаи шахсан аз он истифода мебурдаи Садриддин Айнӣ низ ин ҷо маҳфуз аст.

Ба гуфтаи масъулин, устод Айнӣ ду асо дошт, ҳоло якеаш дар Осорхонаи Самарқанд ва дигаре дар Осорхонаи Душанбе нигоҳ дошта мешавад.

Асои Садриддин Айнӣ
Асои Садриддин Айнӣ

Дигар тӯҳфаҳои гуногуни дар зиндагӣ ва пас аз марг ба устод дода шударо ҳам дар ин ҳуҷра дидан мумкин аст.

Дар маркази ин ҳуҷра бошад, мошинкаи чопии қадим ҷой гирифтааст, ки шахсан Садриддин Айнӣ бо он кор кардааст.

Мошинкаи чопии Айнӣ
Мошинкаи чопие, ки устод Айнӣ бо он кор мекард

Ҳуҷраи чаҳорум асарҳои ба Садриддин Айнӣ бахшида шудааст. Ба гуфтаи масъулин, дар ин ҳуҷра беш аз 2 ҳазор китоб маҳфуз аст.

Ин ҷо инчунин асарҳои адабиётшиносӣ, рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ гирд омадаанд. Тасвирҳои рассомон ба асарҳои Айнӣ, тарҷумаи асарҳои Айнӣ ба забонҳои гуногуни ҷаҳон ва ғайра гузошта шудаанд.

Дар маркази ҳуҷра бошад, мақола, мусоҳиба ва очеркҳое, ки дар бораи устод Айнӣ дар матбуот ба нашр расидааст, ҷамъоварӣ шудаанд.

Намунаи асарҳои устод Айнӣ
Намунаи асарҳои устод Айнӣ

Ҳуҷраи панҷум толори конференсияҳо, ҷамъомадҳои адабӣ ва вохӯриҳо мебошад.

Тавре раҳнамои мо гуфт, дар осорхона пластинаҳо, кассетаҳо бо овози Садриддин Айнӣ ва дӯстони ӯ маҳфузанд.

Толори ҷамъомадҳои дар Осорхонаи адабии С.Айнӣ
Толори ҷамъомадҳо дар Осорхонаи адабии С.Айнӣ

Гуфта мешавад, соле аз осорхона беш аз 2000 нафар меҳмонону хориҷиён боздид мекунанд.

Манбае барои муҳаққиқон

Эраҷ Айнӣ мегӯяд, муҳаққиқони осори устод Айнӣ бо масъулини Осорхона ҳамкорӣ мекунанд ва аз маводҳои ин осорхона барои таҳқиқоти хеш истифода мебаранд.

Китобҳо дар Осорхона

Ба гуфтаи ӯ, ҳамасола дар рӯзи зодрӯзи Садриддин Айнӣ дар ин қадамгоҳаш бо иштироки аҳли фарҳангу адаб ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба номи Садриддин Айнӣ чорабинӣ баргузор мешавад. Имсол низ ба муносибати 145-солагии адиб ин анъана нигаҳ дошта мешавад.

“Ин қадамҷои устод Айнӣ ҳоло таъмир ва бозсозӣ мешавад ва ҳамвора барои аҳли адабу фарҳанг дарҳояш боз хоҳад монд”, – афзуд Эраҷ Айнӣ.

Вайрон на, обод бояд кард

Бояд гуфт, аввали моҳи ноябри соли 2021 хабари тахриби Осорхонаи Садриддин Айнӣ расонаӣ шуд. Он замон шаҳрдории Душанбе дар як нома бо имзои муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хоста буд, ин ниҳод ба тахриби бино мувофиқат кунад.

Дар мактуб гуфта мешуд, ки “осорхона ба нақшаи нави генералии шаҳр мувофиқ набуда, симои зоҳирии гирду атрофро коста мекунад”.

Пас аз нашри ин хабар дар расонаҳо, дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои гуногуне ба ин иқдоми шаҳрдории Душанбе сурат гирифт. Аз ҷумла, чандин ниҳодҳои илмиву эҷодӣ, ба мисли Академияи миллии илмҳо ва Иттиҳодияи нависандагон ба мақомоти марбутаи Тоҷикистон нома навишта, хостори он шуданд, ки ин бино ҳадди аққал тахриб нашавад, вале агар чораи дигар набошад, бояд он дар маҳалли мувофиқи дигаре бунёд шавад.

Ҳамчунин, намояндагони зиёди қишрҳои гуногуни ҷомеа, рӯшанфикрон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин иқдомро танқиди шадид карданд ва хостанд, ки шаҳрдории Душанбе аз ин тасмими худ даст кашад.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, бо пешниҳоду дархостҳо ва ибрози андешаи як зумра олимону нависандагони кишвар дар робита ба кӯчонидани Осорхонаи адиб, олим, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, аввалин Президенти Академияи миллии илмҳо ва Қаҳрамони Тоҷикистон – Садриддин Айнӣ, воқеъ дар кӯчаи Ҳамза Ҳакимзодаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таваҷҷӯҳ намуда, дастур дод, ки “ин бино бартараф карда нашуда, нигоҳдошти минбаъдаи он таъмин карда шавад”.

М. Раҳмат


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
3
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
4
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend