fbpx

Ёдгор Файзовро аз узвияти Маҷлиси миллӣ берун мекунанд

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-1
-1 points
Фото Спутник Таджик

Дар Қубодиён 23 табиб тарки кор карда ба муҳоҷират рафтаанд

Дар Қубодиён 51 нафар корманди Маркази кумаки аввалияи тиббию санитарӣ тарки кор намуданд.

Кормандони тиб ба далели мушкили иқтисодӣ ва надоштани манзили зист, корашонро партофта, ба муҳоҷират рӯ оварданд

Манбаъ аз қавли Файзулозода Каримҷон, мудири маркази мазкур менависад, аз ҷамъи 51 нафар, ки тарки кор намудаанд, 23 нафари онҳо ба муҳоҷират рафтаанд.

Файзуллозода тавзеҳ додааст, ки аз 23 нафари ба муҳоҷират рафта, 17 нафарашон ҳамшираи шафқат ва 5 тани дигар духтур мебошанд.

Зикр гардид, ки пас аз тарки кор кардани ин теъдод кормандони тиб, ноҳияи Қубодиён ба 8 пизишк ниёз дорад.

Чанде пеш аз Раёсати тандурстии вилояти Хатлон хабар дода буданд, ки дар солҳои 2020-2021 аз муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Хатлон 83 пизишк бо далели мушкилоти иқтисодӣ ва надоштани манзили зист тарки соҳа карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки ин омил масъулони соҳаи тандурустиро нигарон кардааст.

Ёдгор Файзовро аз узвияти Маҷлиси миллӣ берун мекунанд

Ёдгор Файзов, раиси собиқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз узвияти Маҷлиси миллӣ берун мекунанд. Ин тасмим имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст.

Ёдгор Файзов ба унвони раиси ВМКБ узви ин шохаи болоии порлмуон ва муовини раиси он аст.

Дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ хабар медиҳад, ки имрӯз ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси маҷлис Рустами Эмомалӣ баргузор шудааст, ки дар он дар баробари масоили дигар, масъалаи “пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз мансаби муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Файзов Ё.Д. баррасӣ шудааст”.

Дар хабарномаи Маҷлиси миллӣ дар мавриди ҳузури Ёдгор Файзов дар ин ҷаласа чизе гуфта нашудааст, аммо аз аксҳое, ки аз ҷараёни ҷаласа нашр шудааст, дида мешавад, ки муовинони дигари раиси Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд, вале Ёдгор Файзов нест.

Як додситони Суғд барои паст задани шаъну шарафи корӣ аз вазифа озод шуд

Эмомалии Раҳмон, президенти Тоҷикистон 15-уми декабр бо судури як фармон Шарифзода Азизҷон Шариф, раиси додгоҳи шаҳри Гулистони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро аз вазифааш барканор кард.

Бино ба хабари дафтари матбуоти раисҷумҳур Шарифзода, бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз мақомаш озод карда шудааст. Назари додрас дастрас нест ва маълум нест, ки ӯ чӣ амали хилофи қонун содир кардааст.

Дар гузашта баъзе аз додрасҳоро бо айни иттиҳом ва асосан барои ришвагирӣ аз кор озод карда буданд.

Феълан дар Тоҷикистон беш чаҳорсад додрас кор мекунад. Дар даҳ соли охир беш аз 25 нафари онҳо боздошт ва ба зиндон маҳкум шудаанд.

“Фалак”-и тоҷикӣ расман ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дохил шуд

ЮНЕСКО – Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ворид гардидани номинатсияи “Фалак”-и тоҷикиро ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман эълон намуд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, инро раиси Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, котиби масъули Шри Ланка оид ба корҳои ЮНЕСКО Пунчи Ниламе Мегасват дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ эълон кардааст.

Ин ҷаласа 15 декабр бо иштироки намояндагони кишварҳои узви ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса тариқи маҷозӣ доир гардида, дар кори он котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон ширкат варзидааст.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа ворид намудани унсурҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки кишварҳои узви ЮНЕСКО ба феҳристи мероси башарият пешниҳод намудаанд, баррасӣ гардид. Номинатсияҳои ҷавобгӯ ба талаботи Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз ҷониби Кумита расман ба феҳрист ворид гардиданд.

Ҳушдори КҲФ аз туман дар ноҳияҳои кӯҳистон ва ағбаҳо

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон рӯзҳои 17-18 декабри соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ҳушдор медиҳад, ки дар туман маъмулан ҳавои торик боиси коҳиши биниш мешавад, ҳаракати нақлиётро мушкил мекунад, эҳтимоли рух додани ҳодисаҳои нақлиётиро зиёд мекунад, садамаҳо эҳтимолан бештар рух медиҳанд.

Дар ҳамин иртибо КҲФ ба хотири рух надодани ҳодисаҳои нохуш ба шаҳрвандон ва ронандагон чунин тавсияҳо додааст:

– шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг аз рафтан ба кӯчаву хиёбон худдорӣ кунанд;

– пиёдагардон бояд ҳангоми гузаштан аз чорроҳаҳо ва роҳҳо эҳтиёт кунанд;

– ронандагони воситаҳои нақлиётӣ ҷиддан қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро дар чунин вазъи обу ҳаво риоя намоянд, суръати ҳаракатро боло набаранд;

– мошингузарӣ, пойга омили хатар дар чунин ҳолатҳост;

– ҳангоми убур аз ҷорроҳаҳо, роҳҳои пиёдагузар оҳиста мошин ронед, хеле бадиққат бошед.

Телефони ягонаи наҷот 112, қисми навбатдории КҲФ: 93 880 28 19, 223 13 11.

Дар ҳоли рух додани ягон ҳодисаи нохӯш ё мушкили дигар дар роҳҳо метавонед занг занед


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend