fbpx

Эътирози ҳунарманд. Отахон аз натиҷаи “Парасту” розӣ нест

Театри шаҳри Бохтар дар ин фестивал қаблан, соли 2019 ҷойи сеюм ва соли 2021 ҷойи дуюмро ишғол карда буд.


0
Отахон Саидзода роҳбари театри шаҳри Бохтар

Отахон Саидзода роҳбарии театри мусиқӣ-мазҳақавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа)-ро бар ӯҳда дорад. Ӯ яке аз шогирдони ҳунарманди маъруф шодравон Аловуддин Абдуллозода аст.

Театри шаҳри Бохтар имсол дар ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту-2023” дар шаҳри Душанбе бо намоиши “Зол ва Рудоба” аз рӯи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ҷойи дуюмро ишғол кард. Вале роҳбари театр аз ин баҳои ҳакамон норозӣ шуда, ҳангоми ҷоизасупорӣ эътироз ҳам карда буд.

Дар суҳбат бо муаллифи Your.tj Отахон Саидзода дар ин бора ва ҳамчунин дар бораи фаъолияти ҳунариаш нақл кард.

Ҳунармандони театри тоҷик

Бояд дар ҷодаи театр бошад…

Отахон Саидзода соли 1985 дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Вале дар Бохтар ба воя расидааст. Дар мактаб аз хонандаҳои фаъол дониста мешуд. Дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангӣ бо шавқу завқи беандоза мерақсиду сурудхонӣ ва ровигӣ мекард. Он замон дар гӯшаи хаёлаш ҳунарманд шудан набуд. Чун хонавода мехост идомадиҳандаи касби омӯзгорӣ бошад.

Баъд аз хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ҳуҷҷатҳои худро ба донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав месупорад. Бо вуҷуди ин писархолааш ӯро барои таҳсил ба Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебарад.

Ҳунармандони театр дар намоиш

“Дар он ҷо аз ман нутқи суханварӣ, қироати шеър, рақсидану суруд хондан ва бозидани иттиҳодро имтиҳон гирифтанд. Аз рӯи завқи замони мактабхонӣ баромад кардам. Ба ман гуфтанд, ки қаду қомат, чеҳра ҳар чизе, ки Худованд ба ин ҷавон додааст, бояд дар саҳнаи ҳунар ва театр бошад, на дар дигар соҳа. Аз имтиҳон гузаштам ва таҳсилро дар риштаи коргардонӣ идома додам”,- нақл мекунад ҳунарманд.

Чаро аз шаҳри Душанбе рафт?

Он замон Душанбешаҳр ба назарам бегона менамуд, мегӯяд Отахон. Бинобар ин мехост таҳсилро дар Бохтар идома диҳад. Вале меҳри ҳунар, шӯру шавқи рақсидану сурудхонӣ ва ҳунарнамоӣ дар саҳнаҳо ӯро ором намегузошт. Ҳамин тавр, дар шаҳри Душанбе монд ва Донишкадаро бо муваффақият хатм кард.

Солҳои 2008-2009 театри мусиқӣ-масҳақавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар барои офардидани намоишномаҳои ҷолибу диданӣ ба ҳунармандони ҷавону боистеъдод ниёз дошт. Он солҳо роҳбарии ин театрро шодравон Аловуддин Абдуллозода бар ӯҳда дошт.

“Устодони донишкада хостанд, ки ман дар онҷо бимонам, вале аз ҳукумати вилоят мактуб шуд, ки ба Театри мусиқӣ-мазҳақавии ба номи Ато Муҳамадҷонови шаҳри Бохтар баргардам. Ҳамин тавр ҳам шуд. Хушҳолам, ки аз соли 2009 то инҷониб дар ин ҷо фаъолият дорам”,- мегӯяд ҳунарманд.

Дар намоиши театри шаҳри бохтар

Марги устод шикасти боли ҳунарманд дар ҷодаи театр

Отахон Саидзода аз шогирдони шодравон Аловуддин Абдуллозода, ҳунарманди саршиноси тоҷик аст. Ҳарду солҳо дар як театр фаъолият карда, даҳҳо намоишномаву саҳнаҳои театриро пешкаши тамошобинон гардониданд. Вижагиҳои нақшофарӣ дар саҳнаи театрро аз устодаш омӯхтааст. Ӯ мегӯяд, марги Аловуддин барои ӯ ва фарҳанги кишвар талафоти бузурге аст.

“Шодравон Аловуддин барои ман устод ва падар буд. Маҳз муносибату ғамхорӣ ва роҳнамоии устодам буд, ки аз соҳаи театр як қадам дур нашудам. Сафарҳои ҳунарии хубе доштем. Барои ҳунарманди касбӣ шудани мо талош мекард.

Ҳамроҳи Аловуддин Абдуллоев

Як рӯз пеш аз маргаш телефонӣ суҳбат кардем ва гуфт, ки Отахон мехоҳам дубора ба театр баргардам. Ба корҳои эҷодӣ бештар машғул шавам. Қавл дод, ки меояд, вале афсус фардои он рӯз хабари маргаш расид. Фавти ӯ як боли маро дар ҷодаи театр шикаст”,- ғамгинона афзуд ҳунарманди ҷавон.

Хотирот аз сафарҳои ҳунарӣ

Ҳамроҳи устоди зиндаёд Аловуддин Абдуллозода ба тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва ҳато берун аз кишвар низ сафар карда, намоишномаҳои ҷолибу диданиро ба намоиш гузоштанд. Соли 2014 бо намоишномаи “Лаку пак” ба шаҳри Ашқободи ҷумҳурии Туркманистон рафтанд. Дар он ҷо 14 театри давлатҳои ҷаҳон байни ҳам рақобат мекард. Қаҳрамони мо бо аҳли ҳамкасбонаш бо 5 ҷоиза ба ватан баргашт.

Отахон Саидзода қаду қомат, чеҳра ва ҳарактаҳои вижаи касбӣ дорад, аз ин рӯ бештари вақт нақшҳои асосӣ ба ӯ дода мешавад. Дар Қазоқистону Қирғизистон низ бо намоишномаи “Лаку пак” ҷоизаи беҳтарин нақши мардонаро соҳиб шуд.

Аловуддин Абдуллоев ва ҳунармандони тоҷик

“Ҳангоми ҳунарнамоӣ ҳар суханеро фаромӯш мекардем, устод Аловуддин Абдуллозода ба тарафи мо нигоҳ карда, ишора мекард, ки шумо ҳамин гапро гуфтанӣ будед. Шӯхиомез моро аз ҳамон ҳолат берун меовард.

Дар вилояти Суғд бояд бо мусиқӣ баромадро оғоз мекардам. Ба саҳна баромадем, вале мусиқӣ нест. Дар ҳамин ҳолат коргардон фикраш ба дигар тараф буд. Устод себро гирифту ба рӯяш зад. Баъдан мусиқӣ садо доду мо намоишномаро сар кардем”,- ба ёд овард хотираҳои неки устодашро Отахон.

Эътироз дар “Парасту-2023”

Театри мусиқӣ-мазҳақавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар имсол дар ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту-2023” дар шаҳри Душанбе бо намоиши “Зол ва Рудоба” аз рӯи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар таҳияи коргардон Баҳром Қурбонов баромад намуд. Дар ин ҷашнвора сазовори ҷойи дуюм гардид.

Роҳбари театр Отахон Саидзода мегӯяд, ки намоишномаи онҳо ба ҳамаи бандҳои низомномаи озмун мувофиқ буд. Аз ҷониби тамошобинон низ хуш пазируфта шуд.

Мукофотҳои ҳунармандони театри тоҷик

Вале қарори аъзои ҳакамон ноодилона буд ва маълум нест чаро ҷойи аввал насиби онҳо нагардид. Отахон ҳамон замони ҷоизасупорӣ барои ин қарор эътироз ҳам карда буд. Театри шаҳри Бохтар дар ин фестивал қаблан, соли 2019 ҷойи сеюм ва соли 2021 ҷойи дуюмро ишғол карда буд.

Театр маконест, ки шуҳрат овард

Отахон Саидзода мегӯяд ҳар нафаре, ки мехоҳад дар ин ё он ҷода муваффақ бошад, набояд ба ақидаҳои ноҷои мардум додаву руҳафтода шавад, балки талош намояд. Театр бароияш макони азизу муқадас аст, зеро на сарват, балки шуҳрат ва ном дод. Бо он ҳунару истеъдоде, ки дорад миёни мардум шинохта шуд.

ҳунарманди ҷавони тоҷик

Дар давоми 5 соли фаъолият дар ҷодаи театр соҳиби даҳҳо диплому мукофот ва ҷоизаҳо гардид. Аълочии фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон ва дорандаи ҷоизаи кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Амонҷон Муҳиддинов, Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend