Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:0430.01.2025
Эрон виза ё низоми раводидро бо Тоҷикистон тариқи хатсайрҳои ҳавоӣ пурра бекор кард.
Он аз 3-юми феврали соли 2025 ба иҷро медарояд, хабар медиҳад хабаргузории давлатии ин кишвар IRNA.
Пас аз ин шаҳрвандони ду кишвар метавонанд, дар давоми 90 рӯз 30 рӯз бе раводид дар ҳудуди якдигар қарордӯ дошта бошанд.
Аммо ин тасмим танҳо тариқи ҳавоӣ аз кишвари Тоҷикистон ва Эрон ва баръакс буда, тавассути роҳи заминӣ ва ё кишвари сеюм ворид шудан, раводид талаб карда мешавад.
Аммо дар ин хусус ҳоло ягон ҷониб изҳороти расмӣ надодааст.
Низоми бераводид байни Тоҷикистон ва Эрон аз 10-уми августи соли 2024 ба иҷро даромада буд, аммо он танҳо ба онҳое, ки тариқи Душанбе-Теҳрон ё баръакс ба кишвари ҳамдигар сафар мекарданд, дахл дошт.
Айни ҳол миёни Тоҷикистон ва Эрон тавассути ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Вориш”-и Эрон парвозҳои мустақим тариқи хатсайрҳои Душанбе-Теҳрон ва Душанбе-Машҳад ба роҳ монда шудааст.
Қарор аст дар соли 2025 ширкати ҳавопаймоии “CASPIAN” парвози Душанбе-Киш-Душанбе – ба ҷазираи сайёҳии Киши Эронро ба роҳ монад.
Читайте также
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
1 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
2 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
2 дня назад
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
6 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
10 дня назад