Манъи вуруди мошинҳои боркаш ба Душанбе

Эмомалӣ Раҳмон: Воридшавии мошинҳои ифлос ба Душанбе қатъиян манъ карда шавад

Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон зимни маҷлиси васеи ҳукумат гуфт, зарур аст, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” таҷдиди назар карда, нисбат ба шахсоне, ки дарахтҳоро беасос бурида, ба табиат зарар мерасонанд, инчунин, ронандагону мусофироне, ки ба шафати роҳҳо партоб меандозанд, меъёрҳои ҷазои сахт ворид карда шаванд.

Сарвари давлат таъкид кард, ки аз берун ба шаҳри Душанбе ворид шудани ҳама гуна воситаҳои нақлиёте, ки намуди зоҳирии ифлос доранд, аз меъёр зиёд газҳои зараррасон мебароранд, қатъиян манъ карда шавад.

Инчунин, президент қайд намуд, ки бояд дар ҳудуди пойтахт ҳаракати мошинҳои боркаше, ки масолеҳу борҳои интиқолшавандаи онҳо бо чодари махсус пӯшида нашудааст, қатъиян манъ карда шавад.

Президент ёдовар шуд, ки имсол ба Тоҷикистон сафари расмии роҳбарони якчанд давлати хориҷӣ ва чорабиниҳои байналмилалӣ бо иштироки сарони даҳҳо кишвари ҷаҳон ба нақша гирифта шудааст.

Вобаста ба ин, қайд намуд, ки бояд ба масъалаи ободу сабзкории пойтахт, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва суръат бахшидани ободкориву созандагии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат эътибори боз ҳам бештар дода шавад.

Skip to toolbar