fbpx

Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикон дар Афғонистон ҳақ доранд, ки дар ҳукумат ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд

Президенти Тоҷикистон гуфт, ки кишвараш ба сиёсати дохилии Афғонистон дахолат намекунад


0
Акс аз хадамоти матбуотии президент

Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронии худ дар иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бори дигар хомӯши ихтиёр кардани ҷомеаи ҷаҳониро танқид намуда, вазъияти ба вуҷуд омадаи имрӯзаи Панҷшерро фоҷеаи гуманитарӣ арзёбӣ кард.

Ӯ дар баромадаш ҳодисоти ахири Афғонистониро таҳдиди ҷиддӣ ба амнияту суботи минтақа хонд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти кишвар.

“Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти беқонунӣ, куштору ғоратгарӣ ва зулму таъқибро алайҳи мардуми Афғонистон қатъиян маҳкум менамояд.

Мутаассифона, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар нисбат ба поймол гардидани ҳуқуқи дигар қавму миллатҳои сокини Афғонистон ва озодиҳои шаҳрвандони он кишвар, бахусус занону кӯдакон хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар ин маврид сухане ҳам баён намекунанд, гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон. – Имрӯзҳо мо дар ҳодисаҳои вилояти Панҷшери Афғонистон шоҳиди нақзи фоҷиабори ҳуқуқи байналмилалии башарӣ гардида истодаем.

Ба мардуми Панҷшер дастрасӣ ба озуқаворӣ, дигар маводи мавриди ниёзи аввалия, инчунин, кумакҳои башардӯстона баста шуда, ҳатто ниҳодҳои тахассусии Созмони Милали Муттаҳид ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх то ҳол наметавонанд ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои башардӯстонаи худ ба минтақаи Панҷшер ворид шаванд”.

Президенти Тоҷикистон вазъияти бавуҷудомадаро фоҷеаи гуманитарӣ хондааст. ба ҳисоб меравад. Ӯ бори дигар аз таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон ёдовар шуда гуфтааст, ки ин яке аз шартҳои асосии ба сулҳу оромиш расидани ин кишвар мебошад.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, тоҷикони Афғонистон низ, ки беш аз 46 фоизи аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, баробари дигар қавмҳои ин кишвар, ҳақ доранд дар умури давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

“Мо ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат намекунем

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи суханронияш гуфтааст, ки кишвараш ба сиёсатҳои дохилии ҳамсоякишвар дахл нахоҳад кард, аммо зарур меднад, ки сохти давлатдорӣ дар он кишвар аз роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад.

Ӯ қайд кардааст, ки таъсиси ҳама гуна ҳукумат бидуни ба эътибор гирифтани манфиатҳои кулли мардуми Афғонистон метавонад боиси оқибатҳои фалокатбор дар ин кишвар гардад.

“Мардуми осоиштаи Афғонистон имрӯз бо даҳшат рӯ ба рӯ шудааст.

Мо бояд дарк кунем, ки ин ҳолат аз берун ташкил ва ба мардуми Афғонистон таҳмил шудааст.

Дар ин ҳолат, сухан дар бораи қатли оми мардуми осоишта, собиқ кормандони нерӯҳои амнияти миллӣ ва хизматчиёни давлатии Афғонистон меравад.

Гурӯҳҳои гуногуни террористӣ бо истифода аз вазъи ноустувори низомиву сиёсӣ дар Афғонистон мавқеи худро фаъолона мустаҳкам карда истодаанд.

Ҳоло мо шоҳиди аз маҳбасҳо озод шудани ҳазорон аъзои ДОИШ, Ал-Қоида ва дигар гурӯҳҳои террористӣ мебошем”, – гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Дар идома президент аз ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар хостааст, то ба мардуми Афғонистон ёрӣ кунанд, то он кишвар бори дигар ба лонаи терроризми байналмилалӣ табдил наёбад.

Ёдовар мешавем, ки “Толибон”* пас аз хуруҷи неруҳои Амрико рӯзи 15-уми август бидуни ҷанг ба Кобул ворид шуанд. Президенти пешни Афғонистон Ашраф Ғанӣ аз кишвараш фирор кард.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend