Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Эмомалӣ Раҳмон судяҳои чанд шаҳру ноҳия ва ҳайати роҳбарикунандаи вазорату мақомотҳоро иваз кард
Дата публикации: 12:3118.07.2023
Имрӯз, 18-уми июл судяҳои чанде аз шаҳру ноҳияҳо аз вазифа озод ва ба вазифаҳои дигар таъйин гардиданд. Дар ин бора президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи моддаи 69 Конститутсия фармон содир кард.


Ҳамчунин, мувофиқи чанд қарори дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансабҳои роҳбарикунандаи Вазорати мудофиа, Кумитаи дин ва вазорати кишоварзӣ тағйироти кадрӣ ба амал омад.
Мувофиқи чанд амри дигари президент дар ҳайати идоракунандаи “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ тағйирот ворид гардид.
Ҳамин тарик, Наҷотзода Мутеъулло Абдулқосим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори ин муассисаи давлатӣ озод, Ваҳобзода Абдураҳмон ва Абдухалилзода Кароматулло Абдухалил муовинони директори “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъин карда шуданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон прокуророни ноҳияҳои Ишкошим ва Шуғнони ВМКБ, шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Ашти вилояти Суғд, шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Вахш, Темурмалик, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шамсиддин Шоҳин, Восеъ ва Ёвони вилояти Хатлон ва ноҳияи Лахш иваз карда шуданд.
Ҳамчунин дар ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал дароварда шуд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои навтаъйинро дар мақомоти суд, Прокуратура, Вазорати мудофиа ва Агентии назорати маводи нашъаовар барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат президент ба фаъолияти мақомоти судӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, барои таъмини адолати судӣ ва баррасии шаффофи парвандаҳои ҷиноятӣ дастурҳои мушаххас дод, омадааст дар хабар.
Сарвари давлат аз кадрҳои навтаъйин талаб кард, ки ба волоияти қонун, мубориза бар зидди амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, шаффофият, баррасии одилона ва таъмини адолату ҳақиқат зимни баррасии парвандаҳо диққати махсус диҳанд.
“Нисбат ба муроҷиати шаҳрвандон масъулияти бештар зоҳир карда, зимни баррасии парвандаҳо ва арзу шикояти мардум бо масъулияти бештар ва аз рӯйи адолат амал намоед”,- таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Гуфта мешавад, кадрҳои навтаъйин аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳа, хатмкардагони ду ва ё зиёда донишкадаҳои олии ҳарбӣ интихоб гардидаанд.
“Зимни интихоб ба вазифаҳои роҳбарикунанда мо ба сатҳи баланди касбӣ, садоқату поквиҷдонӣ ва донишҳои замонавии кадрҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем ва ҳар яки Шумо зимни адои вазифа ва масъулияти бардӯшдошта бояд манфиатҳои давлату миллатро аз ҳама боло гузошта, дар хизмати мардум бошед”,- таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон дар охир.
923 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
15 минут назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
32 минут назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
1 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
3 дня назад
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
7 дня назад