Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:0225.02.2025
Роҳбарони се кишвари ҳамсоя – Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон бори нахуст рӯзи 31-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд дар як нишасти сеҷониба бо ҳам вомехӯранд.
Эдил Байсалов, ноиби раиси Девони вазирони Қирғизистон дар ин бора зимни иштирок дар иҷлосияи 58-уми Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева зикр кардааст, менависанд расонаҳои Қирғизистон.
Ин мансабдори қирғиз гуфтааст, “ин нишаст барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ қадами муҳиме хоҳад буд”.
Созишномаҳо байни президентҳои се кишвар дар робита ба масъалаҳои марзӣ, ки мувофиқа шуда буданд, дар ин вохӯрӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Эдил Байсалов Женева эълон кардааст, ки хатти марзи байни Қирғизистон ва Тоҷикистон мувофиқа шудааст.
“Барои расидан ба ин созиш ҷасорат, қатъият ва садоқати қавӣ ба сулҳ зарур буд. Ин созиш қудрати дипломатия ва ҳамкориҳои минтақавиро собит месозад ва мо омодаем, ки ин дастовардро боз ҳам рушд диҳем”,- зикр кардааст ӯ.
Ин нахустин нишасти сеҷонибаи сарони се кишвар – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, Содир Жапаров, президенти Қирғизистон ва Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон хоҳад буд.
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев раисони кумитаҳои амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон (КДАМ) рӯзи 21 феврал дар шаҳри Бишкек созишномаи ниҳоии сарҳади ду кишварро имзо карданд.
Ин созишномаро парлумон бояд тасвиб ва президентони ду кишвар имзо кунанд.
Читайте также
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
2 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
2 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
3 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
5 дня назад
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
9 дня назад