logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Эмомалӣ Раҳмон раиси суди ноҳияи Ш.Шоҳинро барои латукӯби сарбоз аз вазифа барканор кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Зоҳир Мумиъзода на танҳо аз вазифа озод, “балки аз мақомоти судӣ комилан ронда шавад”.

Your tj

15:5618.07.2024

Эмомалӣ Раҳмон раиси суди ноҳияи Ш.Шоҳинро барои латукӯби сарбоз аз вазифа барканор кард

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни тағйироти кадрӣ, рӯзи 18-уми июл рафтори Зоҳир Муминзодаро нисбати сарбози қушунҳои сарҳидӣ “ношоиста ва ғайриоинномавӣ” номида, таъкид намудааст, ки Муминзода “натанҳо аз вазифа озод гардад, балки аз мақомоти судӣ комилан ронда шавад”.

Чанде пеш Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки Зоҳир Муминзода, раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар гузаргоҳи назоратии “Дараи Об” дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон як марзбонро латукӯб кардааст.

Ба иттилои Озодӣ, рӯзи 8-уми июл сарбозони марзбон ҳангоми ворид шудани Зоҳир Муминзода ба маркази ноҳия мошини ӯро тафтиш мекунанд ва аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки ҳамроҳаш санадҳояшро барои шиносоӣ пешниҳод кунад. Раиси суд баҳс мекунад ва аз мошин берун шуда, Фирӯз Атовуллоев, сарбози Нерӯҳои марзбониро мушт мезанад.

Гуфта мешавад, латукӯби сарбоз дар камераҳои назоратӣ низ сабт шудааст. Дар наворҳои сабтшуда дида мешавад, ки Зоҳир Муминзода аз мошин фаромада сарбозро бо мушт мезанад.

Назари худи Муминзода дастрас нест.

Ҳодисаро Суди олии Тоҷикистон таҳқиқ мекунад.

Зоҳир Муминзода, соли 2017 бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Суди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таъин шуда буд. Пеш аз ин, Муъминзода судяи Суди вилояти Хатлон буд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

1 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

4 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

4 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

5 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

7 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ