logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба Иди Қурбон табрик гуфт

Президенти Тоҷикистон гуфт, "Қурбон тӯй нест ва барои таҷлили он дастурхони серхарҷ оростан умуман зарурат надорад".

Your tj

09:0605.06.2025

Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба Иди Қурбон табрик гуфт

Президенти Тоҷикистон мардуми кишварро ба муносибати Иди Қурбон табрик гуфта, сулҳу оромӣ, бахту иқбол ва баракату фаровонӣ орзу намуд.

Сарвари давлат дар паёми худ таъкид кард, ки фарҳанг ва маънои аслии иди Қурбон таҷассумгари имон, ихлос, садоқат, эҳтироми калонсолон, муҳаббат ба наздикон ва шукронаи неъматҳои ҳаёт мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, иди Қурбон замоне барои хурсанд кардани ятимону ниёзмандон, аёдати беморон ва дастгирии шахсони эҳтиёҷманд аст.

Роҳбари давлат зикр кард, ки қурбонӣ танҳо барои шахсоне воҷиб аст, ки имконияти молии кофӣ доранд. Ӯ афзуд, дар шариати ислом қарз гирифтан ба хотири қурбонӣ ва оростани дастархонҳои серхарҷ зарурате надорад, зеро ислом исрофкорӣ ва намоишкориро маҳкум мекунад.

“Қурбон тӯй нест ва барои таҷлили он дастурхони серхарҷ оростан умуман зарурат надорад. Иди Қурбон – гузоридани намози ид, табрики якдигар, зиёрати падару модарон ва калонсолону беморон, изҳори таъзия ба азодорон ва анҷом додани қурбонӣ танҳо барои шахсоне мебошад, ки имконияти мусоиди молӣ доранд”,- гуфта шуд дар паём.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

1 дня назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

1 дня назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

3 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

4 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

4 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ