fbpx
0

Имрӯз, 15 апрел дар Қасри миллат, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъйини як қатор давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуд.

Ба иттилои расмӣ, сафирон аз кишварҳои Покистон, Арабистони Саудӣ, Миср, Италия, Белгия, Шри-Ланка, Зимбабве, Малӣ ва Гвинеяи Экваторӣ эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти давлатҳояшон ба Президенти Тоҷикистон супориданд.

Дар маросим Эмомалӣ Раҳмон сафирони навро ба оғози фаъолияти дипломатиашон дар Тоҷикистон табрик гуфта, изҳор дошт, ки сиёсати хориҷии кишвар бар асоси принсипи «дарҳои кушода», ҳамкории мутавозин ва сулҳҷӯёна амалӣ мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки Тоҷикистон дар тӯли 35 соли истиқлол тавонистааст робитаҳои дипломатиро бо 186 кишвари ҷаҳон густариш дода, дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи устувор пайдо намояд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед карданд, ки сафирони нав дар рушди муносибатҳои дуҷониба ва густариши ҳамкориҳои судманд байни Тоҷикистон ва кишварҳои худ саҳми назаррас хоҳанд гузошт.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend