fbpx

Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар дастур дод

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз Хадамоти матбуоти президент

Чин ҳар сол 30 донишҷӯйи тоҷикро ба таҳсил фаро мегирад

“Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой” рӯзи 22 апрел бо яке аз донишгоҳҳои бонуфузи вилояти Гансуи Чин созишномаи таҳсили муштараки донишҷӯёни тоҷикро ба имзо расонид.

Дар асоси ин созишномаи сеҷониба ҳамасола гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил ба Донишгохи касбию техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланчжоу фиристода мешаванд.

Бино ба муқаррароти созишнома Чин ба Тоҷикистон аз ҳисоби донишҷӯёни тоҷик мутахассиони баландихтисос дар бахши маъданҳои кӯҳӣ, коркард ва метлургияро омода мекунад.

Дар маросими ба имзорасии ин созишнома, ки ба таври маҷозӣ сурат гирифт намояндагони Вазорати саноат ва техналогияи нави Тоҷикистон, вазорати маориф ва илм, масъулини ҳукуматҳои Суғд, Истиқлол, Мастчоҳ, директори генералии “Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой” ва масъулони Шуъбаи маорифи вилояти Гансуи Чин иштирок карданд.

Директори генералии «Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой» Ли Яо Хуей дар марҳилаи аввали созишнома бо 10 нафар донишҷӯйи тоҷик қарордод баст ва гуфт, ин ширкат онҳоро барои таҳсил ба Донишгоҳи касбию техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланчжоу мефиристад.

Ӯ афзуд, онҳо дар ин донишгоҳи вилояти Гансу ҳам забони чинӣ меомӯзанд ва ҳамзамон Чин ба бахши калидии саноати кӯҳии Тоҷикистон мутахассисони коркарди маъдан, геология ва бахшҳои дигари саноати кӯҳиро аз ҳисоби тоҷикон омода мекунад.

Умед Солеҳзода, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз ба имзо расидани созишномаи таҳсили муштараки донишҷӯёни тоҷик дар Чин истиқбол кард ва гуфт, Тоҷикистон ба мутахассисони баландихтисоси ватанӣ  ниёз дорад.

Вай гуфт, Донишкадаи кӯҳи металургии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои олии касбӣ аст, ки мутахассисонро дар ин бахш омода мекунад.

Ба гуфтаи ӯ 10 нафар донишҷӯёни ин донишкада, ки ҳамакнун таҳсилро дар Чин идома медиҳанд кадрҳои барои иқтисодиёти Тоҷикистон басо зарур омода хоҳанд шуд.

Президент ҷиҳати тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар дастур дод

Дар маҷлиси навбатии ҳукумат таҳти раёсати президенти Тоҷикистон ва раиси ҳукумати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ, дар бораи вазъи таҳсили шаҳрвандони ҶТ дар хориҷи кишвар, самаранок истифода бурдани Стипендияи байналмилалии Президенти ҶТ “Дурахшандагон” ва бо ҷойи кор таъмин гаштани онҳо дар давраи солҳои 2018-2022 гузориши муовини сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён шунида шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, таъкид гардид, ки сафарбар намудан ва таҳсили шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳими Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад.

“Ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо аз тарафи Ҳукумати кишвар як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, дар асоси созишномаҳои ҳамкорӣ дар ҷумҳуриҳои аъзои ИДМ ва кишварҳои хориҷи дур ҳамасола зиёда аз 5 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, масъалаи бо ҷои кор таъмин гардидан мутобиқи Низомномаи Стипендияи “Дурахшандагон” амалӣ шуда, хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар дар самтҳои гуногуни ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва низоми идоракунии ҷумҳурӣ кору фаъолияти босамар доранд.

“Ҳарчанд шумораи зиёди хатмкардагон ба ҷойҳои корӣ ҳозир шудаанд, вале аз руи таҳлилҳо маълум мегардад, ки 31,8 фоиз тибқи тартиби муқарраргардида амал накардаанд”, – таъкид шуд дар маҷлис.

Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дар ин самт супориш дод, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣн оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷ тадбирҳои амалӣ андешад.

Зикр мегардад, ки вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки барои бо ҷои кор таъмин намудани шаҳрвандоне, ки тариқи Стипендияи байналмилалии Президенти ҶТ “Дурахшандагон” муассисаҳои олӣ ва илмии давлатҳои хориҷиро хатм кардаанд, мусоидат намоянд.

Занони тоҷикро аз паноҳгоҳҳои Сурия бармегардонанд

Як ҳайат аз Тоҷикистон як ҳафта пеш ба Сурия рафта, бо занони тоҷик дар паноҳгоҳи Роҷ вохӯрдаанд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи манобеи огоҳин расона, дар ин ҳайат намояндагони ниҳодҳои қудратӣ ва дипломатҳои тоҷик ҳузур доштанд. Ҳадаф аз сафари намояндагони тоҷик ба Сурия, фароҳам овардани шароити бозгашти занони тоҷик ба ватан гуфта мешавад. Дар ин паноҳгоҳ ҳудуди 20 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешавад, вале дар дигар паноҳгоҳ шумораи занону кӯдакон ба беш аз 500 нафар мерасад, ки бештарашон дар интизори бозгашт ба ватан ҳастанд.

Як манбаи огоҳ аз ин сафар бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, намояндагони ниҳодҳои қудратӣ ва дипломатҳо бо занони тоҷик дар паноҳгоҳҳо вохӯрданд.

Ду зани тоҷик дар паноҳгоҳи “Роҷ” ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки намояндагони мақомот ба назди онҳо омада буданд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, “намояндагони мақомот номи онҳоро навишта, ваъда додаанд, ки ба Тоҷикистон бармегардонем.”

Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Ироқ ва Кувайт, ки масъули баргардонидани занону кӯдакони тоҷик дар Сурия низ ҳаст, хабари сафари намояндагони тоҷик ба Сурияро тасдиқ кард.

“Тибқи супориши роҳбари давлат мо пурра муайян карда истодаем, ки вазъият чӣ хел аст, кӣ рафтан мехоҳад, кӣ рафтан намехоҳад. Мо онҳоро муайян карда истодаем ва барои бурданашон саъю кӯшиш карда истодаем. Ин кор зери назорати роҳбарияти давлат ва вазорати корҳои хориҷӣ аст,”–афзуд Зубайдзода.

Дар паноҳгоҳи Роҷ ва Ал-Ҳавли Сурия беш аз 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо ҳамсару кӯдакони ҷангҷӯёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ҳастанд, ки пас аз шикасти ин созмон ба дасти нерӯҳои курд асир афтодаанд.

Ин занон аз соли 2018 ба ин тараф аз мақомот мехоҳанд, то онҳоро ба ватан баргардонанд.

Шералӣ Кабир сармоягузоронро ба саноати маъдани кӯҳии Тоҷикистон даъват кард

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кард, ки ба иқтисоди ҷумҳурӣ маблағгузорӣ кунанд.

Зимни суханронӣ дар ҳамоиши тиҷоратии “Иннопром” дар Тошканд (25-27 апрел) ӯ зикр кард, ки саноати маъдани кӯҳӣ Тоҷикистон аз имкониятҳои бузург бархӯрдор буда, заминаи хуби меъёрӣ-ҳуқуқӣ дорад ва дар беҳбуди фазои сармоягузорӣ низ ба пешрафтҳо ноил гардидааст.

Вазир таъкид дошт, ки 93%-и қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ки қариб тамоми ҷадвали даврии Менделеевро дар бар мегиранд.

“Сармоягузорӣ ва технологияҳо лозиманд ва мо ба ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои минтақа омодаем”, – гуфтааст ӯ.

Шералӣ Кабир инчунин гуфтааст, саноати маъдани кӯҳии Тоҷикистон натанҳо талаботи кишварҳои минтақа, балки ҷаҳонро таъмин карда метавонад.

Ӯ ҳамчунин хотиррасон намудааст, ки тайи ду соли ахир Тоҷикистон байни кишварҳои ИДМ аз рӯи суръати афзоиши саноат пешсаф буда, суръати он зиёда аз 20%-ро ташкил медиҳад.

Вазир зикр кардааст, ки раҳбарияти Тоҷикистон панҷсолаи саноатикунонии кишварро бо ду баробар афзоиши истеҳсоли саноатӣ эълон кард.

“Иҷрои ин нақшаи бузург бидуни барқарор намудани робитаҳои таърихии ҳамкорӣ бо шарикони чандинасра шубҳанок ба назар мерасад”, – таъкид доштааст Шералӣ Кабир.

Аввали соли равон дар Нишасти байнулмилалии Future Minerals Summit изҳор дошта буд, ки саноати кӯҳии Тоҷикистон заминаи хуби маъданӣ ва ашёи хомро доро буда, ҳаҷми он барои таъмини рушди соҳа дар муддатҳои тӯлонӣ кофӣ мебошад.

“Тоҷикистон захираи бойи сарватҳои зеризаминӣ дорад. Аз 600 кони кашфшуда ва 200 кони зуҳурёфта зиёда аз 100 кон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар онҳо зиёда аз 50 намуди ашёи хоми минералӣ истихроҷ карда мешаванд”, – иброз дошта буд вазир.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend