fbpx

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар ҷумҳурӣ беш аз 3 ҳазор муаллим намерасад

Мухтасари муҳимтарин хабарҳои имрӯз


0

Як шаҳрванди Тоҷикистон бо 600 000 рубл дар Челябинск боздошт шуд

Дар фурудгоҳи шаҳри Челябински Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро ба кӯшиши бесабти эъломияи гумрукӣ берун кардани 600 ҳазор рубли русӣ, ки ҳудуди 10 ҳазор доллар мешавад, боздошт кардаанд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Аз ин шаҳрванд ном бурда намешавад, аммо гуфта мешавад, ки ӯ ба Душанбе бояд парвоз мекард.

Назари ин мусофири тоҷик маълум нест, аммо Александр Земсков, сухангӯи Хадамоти гумруки Челбянск ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, берун кардани чунин миқдори маблағ бе сабт дар гумрук хилофи қонун аст.

Барои пинҳонӣ берун кардани пул ҷарима пешбинӣ шудааст.

Аз рӯи қонун, ба гуфтаи ин масъули Хадамоти гумрук, мусофирон бояд ба идораи гумрук дар дохили фурудгоҳ раванд ва дар як санад нависанд, ки чӣ миқдор маблағро бо худ аз Русия берун карданиянд. Дар ин сурат бе мушкил метавонанд пулро бо худ ба хориҷи Русия баранд.

Русия аз 2-юми марти имсол берун кардани аз 10 ҳазор доллари амрикоӣ бештарро манъ кард, аммо аз қабл барои берун кардани миқдори зиёди рубли русӣ низ бояд онро дар гумрук сабт кард.

160,6 миллион доллар  ба соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар соли 2022

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 2022 ба соҳаи маориф аз ҳисоби маблағҳои буҷет 160, 6 млн сомонӣ ҷудо гардид. Маблағи мазкур ба таҳкими заминаи моддӣ – техникӣ ва таълимии муассисаҳои таълимии вилоят равона мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳамчуниин зикр шудааст, ки дар вилоят аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ сохтмони кӯдакистони рақами 2 бо арзиши 5,689 млн сомонӣ ба маблағи 9 млн сомонӣ, толори варзишии назди муассисаи таълимии рақами 28 – и ноҳияи Шуғнон бо арзиши нақшавии 1,3 млн сомонӣ, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21 – и ноҳияи

Ишкошим бо арзиши 24 млн сомонӣ, бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ бо маблағи 4,8 млн сомонӣ ва сохтмони кӯдакистони рақами 2 дар ноҳияи Рӯшон ба маблағи 3,5 млн сомонӣ идома дорад.

Дар 4 соли охир дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 54 муассисаи таҳсилоти умумӣ навсозӣ ва аз таъмири асосӣ бароварда шудаанд.

Толибилмони вилоят давоми се соли охир дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои равияи табиӣ – риёзӣ ва гуманитарӣ 8 медали тилло, 31 медали нуқра ва 86 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки дар маҷмӯъ 125 медалро ташкил медиҳад.

Дар таърихи соҳаи маорифи вилоят бори аввал чунин натиҷаи баланд ба даст омадааст.

Қазоқистон дубора ғаллаашро содирот мекунад. Орд арзон мешавад?

Қазоқистон маҳдудиятҳои содироти гандум ва ордро аз байн бардошт. Дар ин бора манбаи расмии нахуствазири Ҷумҳурии Қазоқистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Вазорати кишоварзии ин кишвар, дар Қазоқистон ҳосили хуби ғалла дар назар аст.

Тибқи дурнамо имсол бояд зиёда аз 13 миллион тонна гандум ҷамъоварӣ карда шавад, ки ин нисбат ба ҳосили соли гузашта 12 фоиз зиёд аст. Барои истеъмоли дохилӣ тақрибан 6,5 миллион тонна лозим аст.

Ба Вазорати кишоварзии Қазоқистон супориш дода шудааст, ки содироти ғалларо назорат карда, масъалаи танзими минбаъдаи содироти ғалла ва ордро таҳия кунад.

Ёдовар мешавем, ки дар Қазоқистон аз 15 апрели соли ҷорӣ маҳдудият барои содироти ғалла ва орд ҷорӣ шуда буд.

Қазоқистон таъминкунандаи аслии орд ва гандум ба Тоҷикистон аст. Тоҷикистон аз Қазоқистон кариб 98 фоизи хаҷми умумии воридоти ин маҳсулотро мегирад.

Тибқи омор, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 27 ҳазору 960,1 тонна орд ба маблағи 10,2 миллион доллар ва 463 ҳазору 125,2 тонна гандум ба маблағи 155,2 миллион доллар ворид шудааст.

Минбаъд дар мактаб ҳам хол мегиред. Дастури нави президент

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дастур дод, ки низоми баҳогузорӣ дар мактабҳо тағйир дода шавад.

Президент гуфт, ин тасмим бо мақсади “ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот” ҷорӣ мегардад.

Сардори давлат ҳамчунин, афзуд, “гузариш ба имтиҳонҳои ҷории тестӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ низ ҳамаҷониба баррасӣ гардад”.

Тибқи маълумоти ироакардаи президент имрӯз, яъне 1-уми сентябр қариб 2 миллиону 300 ҳазор нафар наврасони кишвар, аз ҷумла беш аз 1 миллиону 110 ҳазор духтарон дар муассисаҳои таълимӣ ба дарс оғоз карданд, ки 272 ҳазори онҳо (133 ҳазор духтарон) бори нахуст ба остонаи мактаб қадам гузоштанд. Ба онҳо зиёда аз 128 ҳазор нафар омӯзгорон дарс медиҳанд, ки беш аз 72 фоизашон бонувону занон мебошанд.

Норасоии муаллимон дар мактабҳо

Яке аз масъалаҳои дигаре ки дар суханронии Эмомалӣ Раҳмон зикр шуд, ин норасоии кадрии омӯзгорон дар мактабҳои кишвар буд.

Роҳбари давлат иттилоъ дод, ки то имрӯз, дар мактабҳои кишвар норасоии омӯзгорон 3406 нафарро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 8 августи соли равон Вазорати маориф ва илм хабар дода буд, ки норасоии кадриро дар кишвар аз 3 ҳазору 406 нафар ба 544 кас расониданд.

Ба иттилои ин ниҳод, дар натиҷаи гузаронидани ситоди Вазорати маориф ва илм оид ба таъмин намудани мактабҳо бо омӯзгорон, ки 12 июл ба кор оғоз намуда буд, эҳтиёҷ ба омӯзгорон паст фароварда шуд. Вале маълум мешавад, ки норасоии омӯзгорон то ба ҳол ҳал нашудааст.

Сарвари давлат ба Вазорати маориф ва илм ва дигар масъулин супориш дод, ки “масъалаи бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар кӯтоҳтарин муҳлат ҳаллу фасл намояд”.

Масъалаи норасоии кадрӣ дар мактабҳои кишвар яке аз мавзӯъҳои доғе аст, ки чанд соли охир дар расонаҳо баҳс мешавад.

 


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend