fbpx

Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати тирамоҳиро имзо кард

Тибқи он аз 1-уми октябр то 30-юми ноябр ҷавонони соли таваллудашон 1997-2006 ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд.


0
Даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Имрӯз, 27 август Фармони даъвати ҳарбии тирамоҳӣ аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд. Тибқи он аз 1-уми октябр то 30-юми ноябр ҷавонони соли таваллудашон 1997-2006 ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд. Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

“Дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2024 шаҳрвандони мард, ки то рӯзи даъват ба синни 18 расидаанд, инчунин шаҳрвандони калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтан ё озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шаванд”,- гуфта мешавад дар фармон.

Ҳамин тариқ, хидматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хидмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябр аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.

Ба Вазорати мудофиа, раисони комиссияҳои даъвати вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо супориш дода шуд, ки шаҳрвандонро бо роҳи интихоби дақиқи наваскарон, бо назардошти хусусияти хизмат дар қисмҳои гуногун ва дар навбати аввал қабул кардани онҳо ба хизмати ҳарбӣ гиранд.

Ба Вазорати фарҳанг ва воҳидҳои сохтории он супориш дода шуд, ки масъалаҳои ташкилу гузаронидани даъват ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро инъикос намояд.

Вазорати тандурустӣ вазифадор карда шуд, ки табибону мутахассисони ботаҷрибаро барои назорат ва муоинаи тиббии даъватшавандагон сафарбар намояд.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад.

Мақомот ҳамеша ба набудани “облава” таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend