Эмомалӣ Раҳмон дар Хатлон чархаи №7-и НБО «Норак»-ро пас аз навсозӣ ба истифода дод

24 апрел, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафта, чархаи №7-и Нерӯгоҳи барқии обии Норак ба номи Турсун Ӯлҷабоевро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дод.

Ба иттилои расмӣ, корҳои таҷдиди ин агрегат моҳи октябри соли 2024 оғоз гардида, паймонкори асосии лоиҳа ширкати “Andritz Hydro” ва иҷрокунандаи зерпаймонӣ ҶСК «Тоҷик СГЕМ» будааст. Дар ҷараёни навсозӣ таҷҳизоти асосии чарха пурра иваз шуда, технологияҳои муосир ҷорӣ гардиданд.

Акс аз сомонаи Президенти Тоҷикистон

Гуфта мешавад, маблағгузории лоиҳа дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ амалӣ шуда, барои он, аз ҷумла, 34 миллион евро қарз ҷалб гардидааст. Ҳамчунин, 9,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ равона шудааст.

Пас аз анҷоми навсозӣ иқтидори истеҳсолии агрегат афзоиш ёфта, он метавонад дар як шабонарӯз то 8 миллион киловатт-соат нерӯи барқ тавлид намояд.

Тибқи маълумоти масъулон, барномаи таҷдиди НБО «Норак» аз соли 2019 оғоз гардида, то имрӯз се чархаи он пурра навсозӣ шудааст ва иқтидори умумии нерӯгоҳ 260 мегаватт зиёд гардидааст. Айни ҳол таҷдиди чархаи №4 идома дорад.

Акс аз сомонаи Президенти Тоҷикистон

Дар назар аст, ки то соли 2032 ҳамаи агрегатҳои нерӯгоҳ бо маблағи умумии тақрибан 750 миллион доллар нав карда шаванд. Мақомоти масъул инчунин таъкид мекунанд, ки дар маҷмӯъ таҷдиди нерӯгоҳҳои барқии кишвар бо маблағи беш аз 1 миллиард доллар идома дошта, ин тадбир ба тамдиди муҳлати истифодаи онҳо то 70–80 соли дигар мусоидат хоҳад кард.

 

Skip to toolbar