Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин нерӯгоҳи офтобиро ба истифода дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба вилояти Суғд, имрӯз, 21-уми сентябр дар ноҳияи Ашт нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаваттро мавриди истифода қарор дод. Айни ҳол ин бузургтарин нерӯгоҳи офтобӣ дар Тоҷикистон  ба ҳисоб меравад, ки бо  ба истифода додани он  манбаи истеҳсоли нерӯи барқ дар Суғд 61 дарсад зиёд гардида, 40 дарсади талаботи вилоятро бо барқ таъмин хоҳад кард.

Ба иттилои Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, сохтмони нерӯгоҳ моҳи ноябри соли 2025 аз аз ҷониби ширкати “ Аён энерҷӣ”  оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ пурра сохта ба истифода дода шуд. Нерӯгоҳи мазкур дар масоҳати 793 гектар бунёд гардидааст.

“Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи неругоҳи офтобии Ашт корҳои сохтмонию васлкунӣ бо суръати баланд ба роҳ монда шуда, барои пайваст намудани неругоҳи нав ба низоми ягонаи энергетикии кишвар як қатор корҳои муҳимми инфрасохторӣ низ анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, сохтмони хатти ҳавоии дузанҷираи 220 киловолта бо дарозии 9,8 километр аз неругоҳи мазкур то зеристгоҳи барқии 220/110/6 киловолтаи Ашт ба анҷом расонида шудааст”, – навиштааст манбаъ.

Корҳои сохтмонии нерӯгоҳ бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва чинӣ анҷом ёфтааст. Қарор аст то охири имсол иқтидори нерӯгоҳ ба 250 мегаватт расонида шавад ва дар сурати пурра ба кор шурӯъ намудан  40 нафар мутахассис дар он ба кор таъмин хоҳанд шуд.

Манбаъ таъкид намудааст, азбаски қисми асосии нерӯи барқи вилояти Суғд аз ҷануби кишвар,  аз масофаи тулонӣ интиқол дода  мешавад, бо ба фаъолият оғоз намудани нерӯгоҳи офтобии Ашт талафоти энергияи барқ низ кам мегардад.

Нерӯгоҳҳои бодиву офтобӣ барои Тоҷикистон чӣ аҳмият доранд?

Мақомоти тоҷик иқлими Тоҷикистонро барои роҳандозии нерӯгоҳҳои бодиву офтобӣ мусоид арзёбӣ намуда, қаблан ҳам аз бунёди нерӯгоҳи офтобӣ хабар дода буданд. Нерӯгоҳи панелӣ-офтобӣ дар минтақаи “Аличур”-и ноҳияи Мурғоби ВМКБ сохта шудааст, ки бо тавоноии 2,8 МВт ва батареяи захираи энергия бо иқтидори 1,4 мегаватт соат ноҳияи баландкӯҳи Мурғобро бо барқ таъмин мекунад.

Дар назар аст, дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон низ нерӯгоҳӣ офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт ба истифода дода шавад, ки айни ҳоло корҳои сохтмонияш идома дорад. Нерӯгоҳи офтобӣ дар Ҷайҳунро ҳам ширкати  “Аён энерҷӣ” месозад.

Тоҷикистон солҳои ахир талош дорад бо гузариш ба иқтисоди сабз, иқтидорҳои энергетикии кишварро аз ҳисоби манбаъҳои бодиву офтобӣ бештар намояд. Зеро феълан  бахши асосии барқи Тоҷикистон дар неругоҳҳои обӣ тавлид мешавад. Дар пайи камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар фасли зимистон, ки мақомот сабабро ба вазъи боду ҳаво ва камшавии оби обанборҳо рабт медиҳанд, дар чунин вазъият бунёди нерӯгоҳҳои бодиву офтобӣ муҳим арзёбӣ мегарданд.

Skip to toolbar