Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 17:0016.09.2022
Дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ, ки дар шаҳри Самарқанди Узбекистон баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов вазъияти марзи ду кишварро баррасӣ карданд.
Дафтари матбуоти Президенти Қирғизистон дар ин бора иттилоъ додааст.
Манбаъ менависад, "роҳбарони ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки ба сохторҳои марбут дар робита ба оташбас, хуруҷи нерӯҳо ва таҷҳизоти низомӣ аз хатти даргирӣ, дастур диҳанд."
Бар асоси тавофуқнома, раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии ду кишвар дар ҷойи ҳодиса (минтақаи муноқиша) кор хоҳанд кард, барои таҳқиқи шароит ва сабабҳои ҳодиса комиссия таъсис дода мешавад.
«Ҳамчунин дар бораи суръат бахшидан ба кори Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ тавофуқ ҳосил шуд», - менависад манбаъ.
Зимнан Хадамоти матбуотии вилояти Суғд иттилоъ додааст, ки барои назорати оташбаси бамувофиқарасида дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон комисияи муштарак ташкил шудааст.
Гуфта мешавад, ки вазифаи асосии комиссияи муштарак назорати риояи оташбас дар минтақаҳои наздисарҳадӣ буда, комиссия аллакай, кори худро оғоз кард.
Он зери роҳбарии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Абдукарим Алимбаев, раиси вилояти Ботканд ташкил гардид.
Ёдовар мешавем, ки марзбонони Қирғизистон субҳи 16 - уми сентябр, баъди як рӯзи оромӣ ҳамлаи мусаллаҳонаро ба чанд деҳаи наздимарзии Тоҷикистон оғоз карданд. Гуфта мешавад, ки дар ин ҳамла марзбонони ин кишвар аз силоҳҳои вазнини ҷангӣ истифода бурданд.
Шумораи дақиқи захмиён ва қурбониён аз ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз маълум нест. Қирғизистон бори охир аз захмӣ шудани 31 шаҳрвандаш хабар дода буд.
1159 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Вақте об масъалаи оянда мешавад. Чаро ҷавонони Тоҷикистон дар бораи обшавии пиряхҳо имрӯз бояд андеша кунанд?
3 часов назад
Барои таҳкими фарҳанги тозагӣ. Гурӯҳи ҷавонони "Chisto.Khujand" чӣ гуна шанбегӣ мегузаронанд
1 дня назад
Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine
9 дня назад
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
14 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
14 дня назад