Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон рафт

Имрӯз, 12 март президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Қирғизистон сафар кард. Дар ин бора Хадамоти матбуоти роҳбари давлат хабар дод.

Гуфта мешавад, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро гуруҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвари давлатро раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, сарвазир, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Вазорати корҳои хориҷӣ дирӯз, 11 март хабар дода буд, “дар рафти ин сафар ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар масоили мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ хоҳад шуд”.

Интизор меравад, ки дар натиҷаи мулоқоти роҳбарони ду кишвар як қатор санадҳо ба имзо расад.

Ёдовар мешавем, ки 21-уми феврал дар шаҳри Бишкек созишномаи ниҳоии таъини хати марзи ду кишвар имзо гардид.

Пас аз эълони натиҷаи муайяннамоии марзи ду кишвар гуфта мешуд, ки санади ниҳоиро порлумони ду кишвар тасвиб ва роҳбарони давлатҳо имзо хоҳанд кард.

Skip to toolbar