Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 13:3528.04.2026
Президент Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 28 апрел, дар шаҳри Душанбе бо фиристодаи махсуси Иёлоти Муттаҳида дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Горро мулоқот намуд.
Ба иттилои сомонаи раисҷумҳур, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ ва амният мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сарвари давлат ба рушди минбаъдаи равобити Тоҷикистон бо ИМА дар қолаби механизми ҳамкорӣ «C5+1» ва дигар самтҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида имрӯз дар шумори панҷ шарики асосии сармоягузории кишвар қарор дорад.
Дар мулоқот инчунин аҳаммияти истифодаи имкониятҳо дар доираи Созишномаи чаҳорчӯбавӣ оид ба савдо ва сармоягузорӣ (TIFA) таъкид гардид. Ҷонибҳо зарфиятҳои мавҷудаи Тоҷикистонро дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиё ва дорусозӣ муҳим арзёбӣ карда, рушди ҳамкории амалӣ дар ин бахшҳоро ба манфиати ҳар ду кишвар донистанд.
Ҳамзамон, бахшҳои ояндадори ҳамкорӣ, аз ҷумла рушди зеҳни сунъӣ, инфрасохтори рақамӣ, рақамикунонии иқтисод ва таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои содирот, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.
Дар анҷом ҷонибҳо барои идомаи ҳамоҳангсозии талошҳои мақомоти дахлдор ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои муштарак изҳори омодагӣ карданд.
151 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
22 часов назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
22 часов назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
2 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
4 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
4 дня назад