Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СААД мулоқот намуд

Президент Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 10 апрел бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Таалатбек Масадиқов дар Душанбе мулоқот намуд.

Ба иттилои маркази матбуотии Президент, Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз  Таалатбек Масадиковро барои ба вазифаи Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ шурӯъ карданаш табрик гуфтааст.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи СААД-ро муҳокима намуда, масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии муосирро таҳлилу баррасӣ кардаанд.

Skip to toolbar