Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 28–31 марти соли ҷорӣ бо сафари кории серӯза ба вилояти Суғд меравад.
Ба иттилои Азия-Плюс, дар ин сафар аз 29 то 31 март ҳаракати нақлиёт дар бархе роҳҳои мошингарди вилоят муваққатан маҳдуд мегардад. Сабаби чунин тадбирҳо таъмини бехатарии меҳмонон арзёбӣ мешавад.
Роҳҳои басташаванда:
29 март:
- кӯчаҳои Ҳувайдуллоев, Б. Ғафуров, Гагарин ва И. Сомонӣ дар шаҳри Бӯстон;
- қитъаи шоҳроҳи ноҳияи Б. Ғафуров – Хуҷанд аз “Оташи абадӣ” то ФКХ;
- кӯчаҳои И. Сомонӣ, 25-солагии Истиқлол, С. Умаров то Пули ҷашнӣ ва дигар роҳҳои марказии шаҳри Хуҷанд.
30 март:
- роҳҳои шаҳри Гулистон;
- самти ҷамоати Д. Холматов то ноҳияи Мастчоҳ;
- қитъаи роҳи Душанбе – Чаноқ.
31 март:
- роҳҳои шаҳри Исфара аз даромадгоҳ то гардиши Шӯроб;
- кӯчаҳои марказии шаҳр.
Мақомот ба ронандагон тавсия додаанд, ки дар ин рӯзҳо аз истифодаи роҳҳои номбурда худдорӣ намуда, аз роҳҳои алтернативӣ истифода баранд.
Ёдовар мешавем, ки одатан дар доираи сафарҳои кории сарвари давлат ба минтақаҳо як қатор иншооти иҷтимоӣ, маъмурӣ ва истеҳсолӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Бори охир раисҷумҳур моҳи ноябри соли гузашта ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дода буд.
