logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад: бархе роҳҳои вилоят муваққатан баста мешаванд

Мақомот ба ронандагон тавсия додаанд, ки дар ин рӯзҳо аз истифодаи роҳҳои номбурда худдорӣ намуда, аз роҳҳои алтернативӣ истифода баранд.

Your tj

15:1627.03.2026

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад: бархе роҳҳои вилоят муваққатан баста мешаванд

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 28–31 марти соли ҷорӣ бо сафари кории серӯза ба вилояти Суғд меравад.

Ба иттилои Азия-Плюс, дар ин сафар аз 29 то 31 март ҳаракати нақлиёт дар бархе роҳҳои мошингарди вилоят муваққатан маҳдуд мегардад. Сабаби чунин тадбирҳо таъмини бехатарии меҳмонон арзёбӣ мешавад.

Роҳҳои басташаванда:

29 март:

  • кӯчаҳои Ҳувайдуллоев, Б. Ғафуров, Гагарин ва И. Сомонӣ дар шаҳри Бӯстон;
  • қитъаи шоҳроҳи ноҳияи Б. Ғафуров – Хуҷанд аз “Оташи абадӣ” то ФКХ;
  • кӯчаҳои И. Сомонӣ, 25-солагии Истиқлол, С. Умаров то Пули ҷашнӣ ва дигар роҳҳои марказии шаҳри Хуҷанд.

30 март:

  • роҳҳои шаҳри Гулистон;
  • самти ҷамоати Д. Холматов то ноҳияи Мастчоҳ;
  • қитъаи роҳи Душанбе – Чаноқ.

31 март:

  • роҳҳои шаҳри Исфара аз даромадгоҳ то гардиши Шӯроб;
  • кӯчаҳои марказии шаҳр.

Мақомот ба ронандагон тавсия додаанд, ки дар ин рӯзҳо аз истифодаи роҳҳои номбурда худдорӣ намуда, аз роҳҳои алтернативӣ истифода баранд.

Ёдовар мешавем, ки одатан дар доираи сафарҳои кории сарвари давлат ба минтақаҳо як қатор иншооти иҷтимоӣ, маъмурӣ ва истеҳсолӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Бори охир раисҷумҳур моҳи ноябри соли гузашта ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дода буд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

2 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

3 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ