Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд нафар рутбаи генерал дод

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз, 4 сентябр як гуруҳ хизматчиёни низомии Қувваҳои мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбию махсус сарфароз гардонид.

Дар ин бора Хадамоти матбуоти роҳбари давлат хабар дод.

Бо фармони президенти Тоҷикистон рутбаи махсуси навбатии генерал-полковники хадамоти гумрук, генерал-лейтенанти адлия, генерал-майори милитсия, генерал-майор, рутбаи дараҷавии мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, генерал майори адлия, рутбаи навбатии ҳарбии генерал-майори гвардия  ва генерал-майори хадамоти гумрук дода шуд.

Дар ин хабар ному насаби онҳо қайд нашудааст. Аммо Парвина Гулова, масъули сомонаи ВКД дар саҳифаи фейсбукиаш номи се корманди ин ниҳодро овардааст, ки рутбаи “генерал-майори милитсия”-ро гирифтаанд.

Тибқи иттилоъи манбаъ, ин рутба ба:

  • Муборакшоҳ Ғайратшо, муовини вазири корҳои дохилӣ;
  • Насуриён Пулод, сардори Академияи ВКД;
  • Пирзода Маҳмадсафар, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд

дода шудааст.

1. Муборакшоҳ Ғайратшо, 2. Насуриён Пулод, 3. Пирзода Маҳмадсафар.

Ҳамчунин, 1 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 кас бо ордени Спитамен дараҷаи II, 4 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 34 кас бо медали Ҷасорат, 47 нафар бо медали хизмати шоиста ва 2 кас бо Ифтихорнома сарфароз гардидаанд.

Skip to toolbar