logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон меравад

Интизор меравад, ки дар натиҷаи мулоқоти роҳбарони ду кишвар як қатор санадҳо ба имзо расад.

Your tj

09:3511.03.2025

Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон меравад. Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар медиҳад, ки ин сафар 12-13 марти соли равон сурат мегирад.

“Дар рафти ин сафар ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар масоили мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ хоҳад шуд”, - иттилоъ медиҳад ин ниҳод.

Интизор меравад, ки дар натиҷаи мулоқоти роҳбарони ду кишвар як қатор санадҳо ба имзо расад.

Ёдовар мешавем, ки 21-уми феврал дар шаҳри Бишкек созишномаи ниҳоии таъини хати марзи ду кишвар имзо гардид.

Пас аз эълони натиҷаи муайяннамоии марзи ду кишвар гуфта мешуд, ки санади ниҳоиро порлумони ду кишвар тасвиб ва роҳбарони давлатҳо имзо хоҳанд кард.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

11 часов назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

12 часов назад

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

4 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

8 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

11 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ