Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:0903.11.2025
3 ноябр президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ ба Давлати Қатар сафар кард.
Баъди анҷоми он Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои иштирок дар нишасти «Осиёи Марказӣ - ИМА» (C5+1) ба шаҳри Вашингтон сафар хоҳад кард.
Баргузории мулоқоти навбатии «C5+1» рӯзи 6 ноябр дар Вашингтон дар назар аст. Ин дуюмин вохӯрии роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо президенти ИМА дар чунин формат хоҳад буд. Аввалин нишаст соли 2023 дар Ню-Йорк, дар ҳошияи Маҷмаи Умумии СММ, замони президентии Ҷо Байден доир шуда буд.
Қабл аз ирсоли даъватномаҳо ба кишварҳои минтақа, Фиристодаи махсуси ИМА оид ба умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серхио Гор ва муовини котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау ба Тошканд ва дигар пойтахтҳои минтақа сафари корӣ анҷом дода буданд.
Ба иттилои Департаменти давлатии ИМА, ҳадафи ин сафар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, рушди сармоягузорӣ дар соҳаи захираҳои маъданӣ ва энергетика, инчунин густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар доираи формати «C5+1» мебошад.
Читайте также
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
54 минут назад
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
3 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
7 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
10 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
10 дня назад