Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ сафар мекунад

Эҳтимол ӯ як бори дигар ҳаҷҷи умраро адо мекунад.


Президенти Тоҷикистон дар Каъба

Акс аз бойгонии дафтари матбуоти президент

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ меравад. Зимни сафари дурӯза эҳтимол ӯ як бори дигар ҳаҷҷи умраро адо мекунад.

Тавре Радиои Озодӣ бо такя ба иттилои Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президент менависад, Эмомалӣ Раҳмон баъд аз зуҳри 18-уми июл ба Саудӣ парвоз мекунад ва сафар то 19-уми июл идома мекунад.

Ба иттилои манбаъ, президент бо мақсади “иштирок дар Саммити нахустини Сарони давлатҳои узви Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ” сафар мекунад. Қарор аст ин нишаст рӯзи 19-уми июл дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор шавад.

Радиои Озодӣ аз қавли як манбаи худ дар ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад, эҳтимол Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳукумат маросими ҳаҷҷи умраро ба ҷо биёранд.

Президенти Тоҷикистон то ин дам чор маротиба маросими ҳаҷҷро ба ҷо оварда, ду маротиба вориди хонаи Каъба шудааст.