fbpx

Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои худ Шавқат Мирзиёевро ба Ӯзбекистон гусел кард

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Қарзи берунаи мамлакат дар семоҳаи аввали имсол $200 000 кам шудааст

Ҳаҷми қарзи берунаи мамлакат ба ҳолати 1-уми апрели соли равон $3 млрду 243,5 млн  ташкил додааст, хабар медиҳад вазорати молияи кишвар. Ин рақам дар қиёс ба соли қабл $200 000  камтар аст. Таносуби соли хориҷӣ ба Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ дар аввали семоҳаи дуюм 41% -ро ташкил дод.

Қарзи берунаи кишвар дар соли 2020 ба андозаи $300 млн   афзоиш ёфт. Асосан ин нишондод аз ҳисоби қарзи ХБА дар ҳаҷми $190 млн  ва ҳамчунин қарзи Фонди Авруосиёгии таҷдид ва рушд ба андозаи  $50 млн якбора афзоиш ёфт. Соли гузашта барои пардохти қарзи берунӣ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ 190 млн доллар равона гардида, имсол ҳам ҷудо кардани чунин миқдор маблағ дар назар дошта шудааст. Чин қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои ӯзбекаш Шавқат Мирзиёевро гусел кард

Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз шаҳри Хуҷанд ба Ватанаш парвоз кард. Ӯро дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд, раисиҷумури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гусел кард. Ин сафари раисиҷумҳури Ӯзбекистон бо даъвати ҳамтои тоҷикаш сурат гирифта буд. Шавкат Мирзиёев ду рӯз – 10 ва 11 июн дар Тоҷикистон буд. Дар ин ду рӯз сарони кишварҳо музокироти сатҳи олӣ баргузор карданду 36 ҳуҷҷатро соҳаҳои мухталиф, аз иқтисод то фарҳангу амниятро имзо карданд. Эмомалӣ Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев барои кумакаш дар давраи пандемия изҳори сипос кард.

Ҳамин тавр, президенти Ӯзбекистон кишвардори Тоҷикистонро барои анҷоми сафари ҷавобӣ ба ватанаш даъват кард.

Дар Тоҷикистон ба Шавкат Мирзиёев ордени “Зарринтоҷ” доданд

Дар Тоҷикистон ба Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, ордени “Зарринтоҷ”, дараҷаи 1, доданд. Маросими тақдими он шоми 10-уми июн дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе гузашт. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ин орден “Барои хидматҳои шоён ҷиҳати таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни халқҳои тоҷик ва узбек, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ” дода шуд.

Мирзиёев рӯзи 10-уми июн бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад ва имрӯз пас аз боздид аз вилояти Суғд ба Тошканд баргашт. Мақомоти ду кишвар дар доираи ин сафар 36 санад, аз ҷумла дар мавриди интиқоли бор тавассути Узбекистон ва сафари сокинони ду кишвар, имзо карданд.

Варзишгари тоҷик ҳарифаш дар сонияи 27-ум ба нокаут равон кард

Лоиқ Раҷабов, размикори шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта PFL Ахмед Алиев, ҳарифи доғистонияшро мағлуб кард. Набарди Лоиқ Раҷабов дар доираи Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта PFL шоми 10-уми июн дар Амрико баргузор шуд.

Рақобат миёни Раҷабов ва Алиев аз дақиқаҳои аввал барқвор шурӯъ шуда, бо зарбаҳои пайдарпайи варзишгари тоҷик ва пирӯзияш дар давоми 27 сония хотима ёфт. Ҳамин тавр Раҷабов бо шаш имтиёз дар пас аз ин пирӯзӣ ба даврии баъдии мусобиқаи PFL роҳ меёбад, ки дар он ҷой ӯро набард бо Оливей Обини конодоӣ интизор аст. Ин набард дар назар аст, 13 август доир гардад.

Бонки миллӣ дороиҳои бонкҳои муфлисшударо ҳисоб кард

Тибқи иттилои пешакии БМТ, ба ҳолати 30-юми апрел уҳдадориҳои тавозунии “Агроинвестбонк” беш аз 1 млрд сомониро ташкил дода, ҳаҷми умумии дороиҳои ташкилоти мазкур 1 млрд 826 млн  сомонӣ арзёбӣ мешаванд. Уҳдадориҳои тавозунии “Тоҷиксодиротбонк” дар ин давра ба 1 млрд 263 млн сомонӣ  баробар буда, арзиши умумии дороиҳои ин бонк 3 млрд 922 млн сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, шумори умумии амонатгузорони “Агроинвестбонк” айни замон наздик ба 28 ҳазор нафар ва Тоҷиксодиротбонк 55 000 нафарро ташкил медиҳад. Пасандози 65% нафарон пурра ва боқимонда амонатгузорон қисман ҷуброн мешавад. Пардохти ҷуброни суғуртавӣ ба амонатгузорон  бо гузашти 14 рӯз аз замони қабули қарори суд дар бораи барҳамдиҳии ин ташкилотҳои қарзӣ оғоз мегардад.

Комроншоҳ Устопириён ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 меравад

Комроншоҳ Устопириён паҳлавони риштаи ҷудо роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст овард. Дар ин бораи Федератсияи ҷудои мамлакат бо такя ба феҳристи нави олимпии Федератсияи ҷаҳонии ҷудо хабар додааст. Акнун Комроншоҳ чаҳорумин варзишгари тоҷик аст, ки роҳхати ин бозиҳоро ба даст оварданд. Аз ин пеш Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев ва Гулсумбӣ Шарифова дар варзиши сабук соҳиби роҳхат шуда буданд. Аз миёни паҳлавонони риштаи ҷудои тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар мақоми 15-уми имётиздорони олимпии Федератсияи ҷаҳонии ҷудо қарор дорад.

Ниммарафони байналмиллалии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе

Рӯзи якшанбеи 13 июн дар Душанбе Ниммарафони байналмиллалии Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад. Масофаи Ниммарафон 21 километру 97 метрро дар бар гирифта, он  аз назди «Эстакадаи Қарияи боло»- хиёбони Исмоили Сомонӣ оғоз шуда, дар майдони Исмоили Сомонӣ хотима меёбад. Сабқати мазкур соати  08:00 оғоз мегардад. Хоҳишмандон бояд худро рӯзҳои 11 -12  июн ба қайд гирифта, ҳамчунин маълумотномаи тиббӣ пешниҳод намоянд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend