logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Эълони 500 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ барои кӯмак дар ёфтани ду духтараки 12 сол пеш гумшуда

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар муайян намудани тақдири онҳо мусоидат намоянд.

Your tj

11:0817.06.2025

Эълони 500 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ барои кӯмак дар ёфтани ду духтараки 12 сол пеш гумшуда

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе барои дарёфти маълумоти саҳеҳ дар бораи ду духтараки гумшуда – Сабина ва Малика Араловаҳо, 500 ҳазор сомонӣ мукофот таъйин кардааст.

Гуфта мешавад, ин ду нафар рӯзи 25 марти соли 2013 аз манзили зисташон дар кӯчаи Садриддин Айнӣ, бинои №32/1 берун рафта, ба самти номаълум равона шудаанд ва то кунун бедарак мебошанд.

Раёсат аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар муайян намудани тақдири онҳо мусоидат намоянд.

Ҳар шахсе, ки маълумоти дақиқ ва боэътимод пешниҳод мекунад, аз ҷониби Раёсат бо маблағи 500 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешавад.

Телефон барои тамос: 2210057 ва +992 018-02-02-02.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

22 часов назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

22 часов назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

2 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

4 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

4 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ