Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
“Электромобил зиёд ва талабот кам шуд”. Вазорати энергетика сабаби гароншавии нархи газро гуфтааст
Дата публикации: 10:4620.08.2024
Бинобар сабаби зиёд шудани автомобилҳои барқӣ ва тамоюли камшавии талабот ба гази моеъ нархи ин навъи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аз 5 сомонию 80 дирам то 7 сомонию 50 дирам – 8 сомонӣ гарон шудааст. Инро Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон “таҳлил” карда, дар сомонааш навиштааст, менависад нашрияи парлумонии “Садои мардум”.
“Таҳлилҳо нишон доданд, ки воридот барои таъмини бозори дохилӣ басанда буда, камчинии он дар анборҳои воридкунандагони маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ дида намешавад. Бо мақсади риояи талаботи бехатарӣ дар мавсими гармӣ, тибқи “Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ”, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд, зарурати ба роҳ мондани баъзе маҳдудият ба миён меояд”,- шарҳ додааст Вазорат.
Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, моҳҳои май-июни соли 2024 маҳдудияти интиқоли гази моеъ аз давлатҳои содироткунанда ба Тоҷикистон ҷорӣ нагардида, то моҳи июли ба кишвар 195,4 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардидааст.
Вазорати энергетика гуфтааст, талаботи бехатарии болозикр “дар ҳамаи кишварҳои содиркунандаи гази моеъ риоя ва маҳдудият ҷорӣ мешаванд”.
“Инчунин, дар ин давра корхонаҳои истеҳсолкунанда корҳои таъмиру барқарорсозиро анҷом медиҳанд, ки метавонад боиси кам шудани воридоти гази моеъ дар мавсими муайян гардад”,- омадааст дар сомонаи вазорати мазкур.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Вазорати энергетика дар шаш моҳи аввали соли 2024 ба кишвар беш аз 783 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки назар ба соли гузашта 10% зиёд аст.
Ҳамзамон дар шаш моҳи соли ҷорӣ танҳо аз Узбекистон 156,5 млн. м3 гази табиӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57,6 млн. м3 зиёд мебошад.
Мақомот гароншавии гази моеъ ва дигар маҳсулоти нафтиро мавсимӣ мехонанд. Ба назари коршиносон гази моеъ маҳсулоти нархсоз аст ва дар ин баробар нархи он аз кишварҳои содиркунанда низ вобаста аст.
611 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
1 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
1 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
3 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
4 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
4 дня назад