Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:5517.04.2025
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19-уми апрел шамолу тӯфони гарду ғубор, боришоти шадид, пастшавии ҳарорати ҳаво ва баландшавии сатҳи дарёву обанборҳо пешгӯӣ мешавад.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо истинод ба иттилои Агентии ҳавошиносии кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 18-19 апрел дар аксар ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба истиснои минтақаҳои баландкӯҳ ҳарорати ҳаво то 10-15 паст мешавад.
Рӯзҳои 17-18-уми апрел шамол аз самти ғарб бо суръати то 9-14м/с, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 17-22 м/с вазида, дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва маркази ҷумҳурӣ 17-уми апрел тӯфони гарду ғубор дар назар аст.
Ба навишати Кумита, рӯзҳои 17-19-уми апрел бар асари боронҳои пуршиддат эҳтимоли боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳои Панҷ, Обихингоб, Сурхоб, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ), дарёҳои Варзоб, Лучоб, Харангон, Элок ва Зарафшон вуҷуд дорад.
Рӯзҳои 17-20-уми апрел дар натиҷаи боришоти пайдарпай ва бошиддат ба истиснои шарқи ВМКБ, дар баъзе минтақаҳои Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ғарби ВМКБ хатари омадани сел вуҷуд дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сокинонро ҳушдор медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз моҳидорӣ, шикор, чорвочаронӣ ва ҷамъоварии гиёҳҳо худдорӣ кунанд.
Ҳамчунин, ин ниҳод аз волидон хоҳиш мекунад фарзандонашонро беназорат нагузоранд ва аз рафтан ба соҳили об, назди селроҳаву ҷӯйбор ва каналҳо боздоранд.
Читайте также
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
16 часов назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
17 часов назад
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
4 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
8 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
11 дня назад