Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Эҳтимол ду мошин зери тарма мондааст. Ҷустуҷӯи ҷасадҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ идома дорад
Дата публикации: 12:4227.02.2023
Ба эҳтимоли мақомот шаби гузашта, 26 – уми феврал дар натиҷаи тармафароӣ дар назди нақби “Шаҳристон” на як, балки ду мошин зери он рафта бошад. Ҷасади ду мусофири зери тармамонда дар роҳи Душанбе-Чаноқ то ҳол пайдо нашудааст.
Шаби гузашта ширкати Инновейтив Роуд Солюшнз иттилоъ дода буд, дар натиҷаи фаромадани тарма дар километри 157 – уми роҳи Душанбе – Чаноқ автомобили тамғаи “Муссо” зери он монда 3 мусофири он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 1 нафар ба беморхона интиқол ёфтааст.
Ба Радиои Озодӣ аз бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Айнӣ рӯзи 27-уми феврал гуфтаанд, рӯзи гузашта ҷасади ду нафар як мард ва як занро пайдо карда, ба ноҳияи Шаҳристон фиристоданд.
"Ҳозир кофтукоби ҷасадҳои дигар идома дорад, дар таги тарма маълум нест. Гуруҳи зудамал аз вилоят ҳам омадаанд",- афзудааст манбаъ.
Ба иттилои манбаъ аз Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон шаби гузашта як нафарро дар ҳолати вазнин ба беморхона овардаанд. Аз ӯ Кибриё Худойбердиева ном мебаранд, ки сокини 37 – солаи ноҳияи Қубодиён буда, дар ҳолати вазнин аст.
"Осеби кушодаи косахонаи майнаи сар дорад, пояш шикастааст ва дар фарқи сараш ҳам захмҳо ҳаст. Дар шуъбаи эҳё аст ва аҳволаш вазнин мебошад. Дирӯз оварданд, ҳама ҷояш пури барф буд. Ду ҷасадро дирӯз оварданд ва онҳо дар сардхона ҳастанд",- меафзояд манбаъ аз беморхона.
Шахсияти афроди фавтида дар ҳодисаи дирӯзро ҳанӯз эълон накардаанд. Манбаъ аз бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Шаҳристон мегӯяд, эҳтимол рӯзи гузашта ду мошин дар наздикии нақби "Шаҳристон" зери тарма монда бошанд. Дар ширкати IRS ҳам ҷой доштани ин фарзияро тасдиқ карданд.
Дар пайи фаромадани тарма рафтуо дар роҳи самти Душанбе – Хуҷанд рӯзи 26 – уми феврал маҳдуд шуда буд ва танҳо нимашаби гузашта роҳро кушоданд.
Зимистони имсол дар Тоҷикистон барфи камсобиқа борид ва тармаҳо ҷони чандин нафарро гирифт. Аз ҷумла санаи 15 – уми феврал як ронанда дар роҳи Душанбе-Чаноқ зери тарма монда, ҷонашро аз даст дод.
Инчунин тарма дар як моҳи ахир қариб 20 сокини шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ванҷро қурбон кард. Мақомот аз сокинон хостаанд, ки дар рӯзҳои барфу боронгарӣ безарурат сафар накунанд.
Читайте также
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
16 часов назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
16 часов назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
1 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
3 дня назад
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
7 дня назад