Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:3424.02.2025
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев раисони кумитаҳои амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон (КДАМ) рӯзи 21 феврал дар шаҳри Бишкек созишномаи ниҳоии сарҳади ду кишварро имзо карданд.
Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар дод.
Гуфта мешавад, ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон гузориши роҳбарони гурӯҳҳои кории топографӣ ва таъйину аломатгузории сарҳади давлатӣ дар умум се созишномаи вобаста ба марзи ду кишварро ба имзо расонидаанд:
Ҷузъиёти бештар дар бораи ин созишномаҳо ошкор нашудааст.
Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон, акнун ин санад бояд ба раҳбарони ду кишвар барои имзо пешниҳод гардад.
Саймумин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон баъди имзои созишнома дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки “баъд аз корҳои тӯлонӣ, душвор, вале самаранок, созишномаҳо дар бахшҳои обу энергетика ва роҳсозӣ омода ва имзо шуданд”.
“Муҳимтарин санади таърихӣ, ки имрӯз ба имзо расид, Созишнома дар бораи таъину аломатгузории марзи Қирғизистону Тоҷикистон аст”, - изҳор доштааст Ятимов.
Ӯ таъкид кардааст, ки ниҳоят ин ҳуҷҷатҳо ба марҳилаи ниҳоии худ расиданд ва пас аз имзои роҳбарони давлатҳо, "ормонҳои таърихии мардумони моро инъикос карда, ба манфиатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва дигар бахшҳо хизмат мекунанд”.
Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон низ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, “мо санади ниҳоии таъини сарҳади Қирғизистону Тоҷикистонро имзо кардем”.
“Мо ниҳоят мувофиқаи ниҳоии тамоми дарозии хатти сарҳадро анҷом додем", - иброз доштааст Тошиев.
Читайте также
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
13 часов назад
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
4 дня назад
“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард
4 дня назад
Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд
5 дня назад
SIYOMA: яке аз брендҳои муосири Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад | TJ.BRAND #1
5 дня назад