Ятимов ва Тошиев протоколи нав имзо кардаанд

Гуфта намешавад, ки муҳтавои протоколи имзогардида чист.


Раисони КДАМ Тоҷикистон ва Қирғизистон

Акс аз ВКХ.

Дар шаҳри Бодканди Қирғизистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Саймумин Ятимов ва раиси КДАМ Қирғизистон, Қамчибек Тошиев рӯзи 2-юми октябр вохӯрии навбатии Комиссияи байниҳукуматии ду кишвар оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи делимитатсияи сарҳади давлатии ду кишвар баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, роҳбарони ҳайатҳо зарурати фаъол намудани тасвири гузариши хатти лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда бо ҳусни тафоҳум қайд намуда, ба гурӯҳҳои корӣ дастурҳои дахлдор додаанд.

“Гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ҷиҳати тасвири хати лоиҳавӣ дар минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон корро идома медиҳан”, – гуфта мешавад дар хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Дар ҷараёни мулоқот зарурати таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва боварӣ миёни минтақаҳои наздисарҳадӣ, инчунин идомаи ҳамкориҳои фаъол байни вилоятҳову ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвар қайд карда шуда, аз натиҷаи он Протокол ба имзо расонида шудааст.

Аз ин мулоқот тафсилоти бештар мавҷуд нест ва ҳам гуфта намешавад, ки муҳтавои протоколои имзогардида чӣ аст.

Баргузории вохӯрӣ ва имзои протоколи махфӣ дар ҳолест, ки баъди як соли муноқишаҳои хунини марзӣ миёни ду кишвар Қамчибек Ташиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон изҳор дошта буд, “ба наздикӣ санадҳои нав пайдо шуданд ва тибқи он муайян шудааст, ки заминҳои зиёди қирғизҳо ба Тоҷикистон гузаштаанд ва Тоҷикистон бояд аз даъвоҳои ҳудудии худ даст бикашад”.

Баъди ин изҳорот сафири Қирғизистон дар Душанбе Эрлан Абдилдаев ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват шуд. Дар ин ниҳод ба сафири Қирғизистон “нигаронии ҷониби Тоҷикистон” расонида шуд.

Масофаи сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад. Айни замон 519 километр хатти сарҳади давлатӣ мушаххасу муайян ва аз ҷониби ҳарду давлат эътироф шудааст. Зиёда аз 400 километри хатти сарҳад баҳснок шуморида мешаванд.