logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

Бунёди иқтисоди қавӣ ва муосир ниҳодҳои мустаҳкам ва боэътимодро талаб мекунад.

Кордори муваққатии Сафорати ИМА дар ш. Душанбе хонум Карсон Релитс Рокер

12:2123.10.2026

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ:  Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

Таърихи иқтисодии Амрико на дар толорҳои ҳукумат, балки дар бандарҳо, бозорҳои маҳаллӣ ва масирҳои тиҷоратӣ оғоз ёфт.  Дар он ҷо тоҷирон, деҳқонон ва соҳибкорон исбот карданд, ки бозори озод нисбат ба хазинаи ҳар подшоҳе сарвати бештар ба вуҷуд меорад.

Пас аз дусаду панҷоҳ сол мо ҳамин қиссаро дар Тоҷикистон мебинем: деҳқонон ва соҳибкорон ба бозорҳои нави хориҷӣ роҳ меёбанд, кӯҳкорон маъданҳои арзишмандеро таъмин мекунанд, ки ҷаҳон ба онҳо вобаста аст, ва шахсони дурандеш нерӯи барқи обиро ба нерӯи технологӣ барои марказҳои коркарди маълумот ва дигар соҳаҳо табдил медиҳанд. 

Ман қаблан навишта будам, ки ҳамкории байни ду ҳукумати мо чӣ гуна соҳаҳои амният, тандурустӣ ва маорифро таҳким бахшидааст. 

Акнун мехоҳам мақолаи охирини ин силсиларо ба масъалае бахшам, ки аҳамиятам аз онҳо камтар нест:  чӣ гуна мо инкишофу тараққиёти мутақобиларо бунёд мекунем. 

Гузоштани заминаи мустаҳкам барои тиҷорат 

Бунёди иқтисоди қавӣ ва муосир ниҳодҳои мустаҳкам ва боэътимодро талаб мекунад.  Аз соли 2018 инҷониб коршиносони молиявии Вазорати молияи ИМА якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикистон кор мекунанд.  Ҳадафи онҳо таҳкими назорати молиявӣ, мубориза бо шустушӯи пул ва таъсиси аввалин чаҳорчӯбаи ҳамаҷонибаи назорати суғуртавӣ дар Тоҷикистон мебошад. 

Мо ба бонкҳои Тоҷикистон кумак мекунем, ки эътибори боэътимод пайдо кунанд, то онҳо бевосита бо низомҳои молиявии ҷаҳонӣ дар шароити шаффоф ва бидуни ӯҳдадориҳои пинҳонӣ пайваст шаванд. 

Шаффофият низ ба ҳамин андоза муҳим аст.  Аз ин рӯ, Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷи маъдан ва ба харитасозии захираҳо аз ҷониби Хадамоти геологии ИМА кумаки техникӣ расонидааст. 

Маълумоти боэътимод дар соҳаи саноати истихроҷ ба ҷомеа ва сармоягузорони эҳтимолӣ тасвири равшан ва санҷидашавандаи захираҳои кишварро медиҳад ва барои сармоягузорӣ асос мегузорад. 

Ҳамин тавр, он имкониятҳои тиҷоратӣ фароҳам меорад.  Вақте ки қарордодҳо ошкоро ва маълумот боэътимод аст, сарвати зери хоки Тоҷикистон ба манфиати мардуми тоҷик хизмат мекунад. 

Табдили сармоя ба тиҷорат 

Кумаки техникӣ заминаро омода карда, имконият фароҳам меорад, вале натиҷаро тиҷорати фаъол ва сармоягузории хусусӣ ба вуҷуд меорад.  Дар минтақаҳои кишоварзии Тоҷикистон шарикии ИМА ба садҳо корхонаи агросаноатӣ ва хоҷагии маҳаллӣ имкон дод, ки фурӯши худро афзоиш диҳанд ва ба бозорҳои нави ҷаҳонӣ, аз Гурҷистон то Литва, роҳ ёбанд. 

Масалан, соли 2021 барномаҳои тиҷоратии мо ба корхонаҳои агросаноатии тоҷик кумак карданд, ки қарордодҳои содиротиро ба маблағи 4 миллион доллар банданд. 

То соли 2024 қариб 100 ширкати тоҷикии соҳаҳои коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва нассоҷӣ дар маҷмӯъ ба маблағи 12,3 миллион доллар фурӯш карданд; деҳқонони маҳаллӣ 2,4 миллион доллар маблағгузории нави кишоварзӣ гирифтанд; барномаи таҷрибаомӯзии ҷавонон малакаҳои 234 ҷавони тоҷикро рушд дод ва онҳоро дар бахши хусусӣ ба кор ҷойгир кард. 

Маҳз ҳамин гуна сармоягузорӣ ва шарикӣ сол ба сол самара мебахшад. 

Дастаи кормандони мо дар Сафорати ИМА пайваста кор мекунанд, то дастрасии ширкатҳои тоҷикӣ ва амрикоиро ба бозорҳо васеъ намоянд. 

Мо якҷоя бо Шӯрои тиҷоратии ИМА ва Тоҷикистон сафарҳои тиҷоратӣ ташкил мекунем ва аз манфиатҳои ширкатҳои амрикоие, ки мехоҳанд дар ин ҷо сармоягузорӣ кунанд, ҳимоят менамоем. 

Мо Палатаи тиҷоратии Амрико дар Тоҷикистон (AmCham) ва шабакаи арзишманди ширкатҳои онро дастгирӣ мекунем.  Мисоли равшани манфиати дарозмуддат ва мутақобилаи шарикии тиҷоратии ИМА ва Тоҷикистон ширкати «Оби Зулол» аст.  Ин корхонаи муштарак соли 2000 таъсис ёфтааст. 

Имрӯз он дар саросари Тоҷикистон номи маъруф ва боэътимод дорад ва беш аз 800 нафарро бо кор таъмин мекунад. 

Мо минбаъд низ чизҳои беҳтаринро ба манфиати Тоҷикистон меорем.  Мо ифтихор дорем, ки имсол оғози фаъолияти Starlink-ро дар Тоҷикистон дастгирӣ кардем.  Ин хизмат ба мардум дар саросари кишвар, аз ҷумла дар минтақаҳое, ки қаблан дастнорас буданд, интернети боэътимод ва озод фароҳам меорад. 

Бо гузариш аз ҳуши маснуъӣ ба абарҳуш (Super Intelligence) ширкатҳои пешсафи ИМА, аз қабили Perplexity, Super Micro ва Cerebras, бо ширкати тоҷикии zypl.ai барои бунёди инфрасохтори боэътимоди абарҳуш, ки бо нерӯи барқи обӣ кор мекунад, ҳамкорӣ менамоянд.  Ин ҳамкорӣ Тоҷикистонро ҳамчун маркази минтақавии навовариҳои технологияҳои пешрафта муаррифӣ мекунад. 

Тиҷорат, маъданҳои муҳим ва истиқлолияти иқтисодӣ 

Баъзе аз сармоягузориҳои пурсамари мо дар ин ҷо ба хотима додани инзивоъ ва ҷудогузории ҷуғрофии Тоҷикистон ва таъмини истиқлолияти иқтисодии он равона шудаанд. 

Аз соли 2002 инҷониб Иёлоти Муттаҳида ба шабакаи барқи Тоҷикистон пайваста 25 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.  Аз ин маблағ 15 миллион доллар барои кумак ба сохтмони хати интиқоли барқи CASA-1000 равона шудааст.  Ин хат ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки нерӯи барқи тозаи обиро ба минтақа содир кунад, кӯҳҳо ва дарёҳоро ба манбаи арзишманди даромади содиротӣ табдил диҳад ва лоиҳаҳои рушди ҷомеаро маблағгузорӣ намояд.  Барномаи иловагии минтақавии энергетикӣ ба маблағи 39 миллион доллар воситаҳои пешрафтаи компютерии банақшагирӣ ва омӯзиши коршиносон фароҳам овард. 

Ин барнома ба муҳандисони маҳаллӣ кумак мекунад, ки шабакаи барқро ба таври самараноктар идора кунанд, аз қатъи барқ пешгирӣ намоянд ва манбаъҳои нерӯи барқи тозаро бехатар илова кунанд. 

Он инчунин дар таҳияи нақшаҳои дарозмуддати миллии энергетикӣ кумак кард, ки шабакаи барқи Тоҷикистонро бо кишварҳои ҳамсоя мепайвандад, то нерӯи барқ дар минтақа ба таври боэътимод тақсим карда шавад. 

Ин омӯзишу нақшаҳо кафолат медиҳанд, ки малака ва дониш муддати тӯлонӣ пас аз анҷоми лоиҳа дар Тоҷикистон боқӣ мемонанд. 

Масири тиҷоратии Транскаспий низ ба ҳамин андоза тағироти табдилдиҳанда меорад.  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ин ташаббуси 15-миллиондолларро соли гузашта оғоз кард.  Он ба ширкатҳои амрикоӣ кумак мекунад, ки ба инфрасохторе сармоягузорӣ кунанд, ки минтақа ба он ниёзи шадид дорад: шабакаҳои нахи оптикӣ ва марказҳои коркарди маълумот, ки рушди технологиро пеш мебаранд, инчунин бандарҳо ва роҳҳои оҳан, ки барои расонидани маҳсулот ба бозор заруранд. 

Ин инфрасохтор мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ сохта мешавад, шаффоф маблағгузорӣ мегардад ва ба кишварҳое тааллуқ хоҳад дошт, ки ба онҳо хизмат мерасонад. 

Мо умедворем, ки ин долон тарзи тиҷорати Тоҷикистонро бо ҷаҳон тағир медиҳад, вобастагии онро аз масирҳое, ки асосан ба манфиати кишварҳои дигар хизмат мекунанд, коҳиш медиҳад ва захираҳои Тоҷикистонро бевосита ба занҷираҳои таъминоти ҷаҳонӣ мепайвандад. 

Барои дидани ояндаи шарикиамон бояд ба зери замин нигарист.  Тоҷикистон конҳои стратегии сурма, литий, нуқра ва маъданҳои заминҳои нодир дорад, ки дар ҳама чиз, аз телефонҳои хушманд то ҳавопаймоҳои ҷангӣ, истифода мешаванд. 

Дар ҳоле ки баъзе кишварҳо кӯшиш мекунанд таъминоти ҷаҳониро қатъ кунанд, Иёлоти Муттаҳида мехоҳад ба Тоҷикистон кумак кунад, ки бо истифода аз захираҳои ғании маъдании худ рушди иқтисодӣ ва шуғлро васеъ намояд. 

Барои ин ИМА имконияти сармоягузориро барои ширкатҳои ҷаҳонӣ ва амрикоии истихроҷи маъдан фароҳам меорад.  Тоҷикистон сармоя, роялтии давлатӣ ва ҷойҳои кории баландихтисос ба даст меорад, бозорҳои ҷаҳонӣ бошанд, аз занҷираи таъминоти гуногунсамт манфиат мебинанд. 

Масалан, ширкатҳои амрикоии КМ «Анзоб» ва AMCO Тоҷикистонро ба дуюмин истеҳсолкунандаи бузурги сурма дар ҷаҳон ва шарики Иёлоти Муттаҳида дар соҳаи маъданҳои муҳим табдил доданд.  Онҳо садҳо коргари тоҷикро бо кор таъмин мекунанд ва яке аз бузургтарин муҳаррикҳои иқтисоди вилояти Суғд мебошанд.  Вақте ки Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон якҷоя кор мекунанд, истиқлолияти миллӣ ва амнияти иқтисодӣ якҷоя таҳким меёбанд. 

Ояндаи қудрати мутақобила 

Ҳангоме ки Тоҷикистон 35-солагии истиқлолияти худро ҷашн мегирад, муносибатҳои дуҷонибаи мо ба давраи пурфаъолтарини худ дар тамоми таърих ворид шудаанд. 

Тавассути Масири тиҷоратии Транскаспий мо ба инфрасохторе сармоягузорӣ мекунем, ки Осиёи Марказиро бо ҷаҳон беҳтар мепайвандад.  Тавассути ислоҳоти бонкӣ ва шаффофият мо ба низомҳои бехатаре сармоягузорӣ мекунем, ки тиҷоратро осон мегардонад. 

Мо нишон додем, ки шарикӣ бо Амрико ҳам барои Иёлоти Муттаҳида ва ҳам барои Тоҷикистон натиҷа медиҳад. 

Ман аз ҳамаи онҳое, ки силсилаи мақолаҳои “250 соли озодӣ ва 35 соли шарикӣ”-ро пайгирӣ кардаанд, самимона сипосгузорам. 

Агар ҳамкориро дар соҳаҳои амният, тандурустӣ, маориф ва тиҷорат идома диҳем, метавонем кафолат диҳем, ки Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон барои наслҳои оянда қавӣ, бехатар ва шукуфон боқӣ мемонанд. 

Тоҷикистон ва Амрико: якҷоя ба пеш! 

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

2 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

2 дня назад

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

6 дня назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

6 дня назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

8 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ