школьная ярмарка Таджикистан

Дар Тоҷикистон ярмаркаҳои мактабӣ оғоз мешаванд

Моҳи август интизор меравад, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва дигар шаҳру ноҳияҳо ярмаркаҳои фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил карда мешавад.

Дар ин мавсим 80 корхонае, ки дар ҷумҳурӣ ба духти либосҳои мактабӣ машғуланд, 1,7 млн дона либоси мактибӣ истеҳсол кардаанд.

“Корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорони инфиродии мамлакат имсол ба маблағи пеш аз 46,3 млн сомонӣ либоси мактабӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи миқдор 22,7 фоиз коҳиш ёфт”,- хабар медиҳад “Ховар”.

Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ нархи як либоси сегонаи мактабии истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ 220-240 сомониро ташкил медиҳад.

“Инчунин аз хориҷи мамлакат, асосан аз Узбекистон либоси мактабӣ ворид мешавад, ки нархи як адад либоси сегонаи мактабии истеҳсоли Узбекистон 180 сомониро ташкил медиҳад”,- мегӯяд Вазорат.

Ба гуфтаи ин ниҳод либосҳои истеҳсоли дохилӣ сифати баланд доранд ва ба талабот ҷавобгӯянд.

Дар ҳоле ки сокинони кишвар аз гаронӣ ва сифати пасти либосҳои истеҳсоли дохилӣ шикоят мекунанд.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 80 корхонаи саноатӣ ба истеҳсоли либоси мактабӣ машғул мебошад.

Аз ин шумора 36 корхона дар Суғд, 29-адад дар Хатлон, 4-адад дар Бадахшон, 9-адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 2 корхона дар Душанбе фаъолият мекунанд.

Skip to toolbar