Яке ҳамсари ҳомиладор, дигаре бародарашро бо корд задааст

Дар Истаравшан як ҷавони 30-сола барои корд задан ба бародараш ва як ҷавони 24-сола барои бо корд захмӣ кардани ҳамсари ҳомиладораш боздошт гардидаанд. Ҳардуи онҳо дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд. Дар ин бора ВКД дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” гузориш додааст.

Шоҳрӯз Маҳмудови 30-сола, сокини ҷамоати деҳоти Гули сурхи шаҳри Истаравшан дар натиҷаи як муноқишаи оилавӣ, дар ҳолати мастӣ ба қисми рости қафаси синаи бародари худ Маҳмудӣ Шодмеҳр корд задааст.

Гуфта мешавад, ҷароҳат ба саломатии ҷабрдида ниҳоят хавфнок будааст.

Муноқиша 28 январ, тахминан соати 22:00 рух додааст. Ба иттилои манбаъ, ҳангоми ин ҷанҷол дигар аъзоёни оила низ ҳузур доштаанд.

Тавре худи дастгиршуда нақл мекунад, бародараш ҳангоми нишаст аз ӯ хостааст садои мусиқиро паст кунад.

“Каме паст кардам, вале шояд кайфияташ хуб набуд, ки омада маро чанд мушт зад. Ман ҳам дар ҳавои мастӣ чӣ хел шуд намедонам, нахоста ба ӯ бо корд зарба задам”,- нақл кардааст дар навор Шоҳрӯз Маҳмудов.

Ҳолати дигари чунин ҳодиса муноқишаи шавҳар бо ҳамсараш дар ҳолати мастӣ дар деҳаи Қалъачаи Бакавули шаҳри Истаравшан мебошад.

19 январ, тахминан соати 19:00 сокини муваққатии шаҳри Истаравшан, Шаҳзод Асадови 24-сола дар ҳолати мастӣ ҳамсараш Хуршеда Норқуловаи ҳомиладорро бо корд ба қисмати шикамаш зада, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст.

Ба иттилои манбаъ, бо кӯмаки табибон ҷабрдида ва тифли дар батнаш буда саломат мондаанд.

Бо дастрасии моддаи 110, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) нисбати ҳардуи дастгиршудагон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Барои ин кирдор тибқи моддаи болозикр бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

Skip to toolbar