Имрӯз, 27 сентябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафараш ба шаҳри Роғун хатти интиқоли барқи 220 кВ аз НБО “Роғун” то зеристгоҳи барқии “Роғун”-ро баъд аз навсозӣ ба истифода дод. Дар ин бора хадамоти матбуоти роҳбари давлат хабар дод.
Гуфта мешавад, баъд аз навсозӣ ин зеристгоҳ сокинони шаҳри Роғун, ноҳияҳои водии Рашт, Файзобод ва қисман шаҳри Ваҳдатро бо барқи доимӣ таъмин менамояд.
“Баъд аз навсозӣ ва васеънамоии зеристгоҳи мазкур барқи истеҳсолгардидаи НБО “Роғун” ба низоми ягонаи энергетикии кишвар пайванд мешавад ва ба ин васила эътимоднокии системаи энергетикии кишвар баланд мегардад”,- менависад хадамоти матбуотӣ.
Ин зеристгоҳ, ба иттилои манбаъ, бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба маблағи умумии 11 млн. доллари амрикоӣ бунёд гардидааст. Дар он 11 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, дастгоҳҳои зеристгоҳ дорои сифати баланд буда, аз давлатҳои пешрафтаи дунё ворид ва насб гардидаанд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи як муроҷиатномаи “Барқи тоҷик” шурӯъ аз 22-юми сентябр дар кишвар “лимит”-и барқ ҷорӣ карда шуд.
Ин ширкат норасоии мавсимии неруи барқ дар ҳаҷми беш аз як миллиард киловатт-соатро барои “лимит” сабаб овард.
Ба гуфтаи “Барқи тоҷик”, зиёд шудани “талаботи аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат” норасоиро ба вуҷуд овардааст.
Қаблан Абдуллоҳ Қурбонзода, муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” гуфта буд, то НБО-и “Роғун” пурра сохта нашавад, “лимит” аз байн намеравад.
Далер Ҷумъа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон низ охири моҳи июли соли равон гуфт, дар баробари истифодаи имкониятҳо сокинон ангишт захира намоянд.
Мақомот сабаби тавлиди ками барқро тағйирёбии иқлим ва коҳиш ёфтани резиши об ба рӯдхонаи Вахш медонанд.