Якчанд маҳаллаҳои Душанбе аз сабаби садама беоб монданд

Бо кадом сабаб рух додани садама маълум нест, масъулин ваъда доданд, ки мушкилиро дар давоми як шабонарӯз бартараф мекунанд.


Акс аз сомонаи nashbryansk.ru

Сокинони якчанд маҳаллаи шаҳри Душанбе барои як имрӯз беоб мемонанд, хабар медиҳад КВД «Обу корези Душанбе” дар саҳифаи Фейсбуки худ.

“Рӯзи 4 майи соли равон бинобар сабаби рух додани садама дар шоҳқубури дм 500 мм А. Навоӣ, назди маркази савдои “Релакс” интиқоли оби нушокӣ қатъ карда мешавад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки бино ба сабаби ин садама интиқоли об барои 9 минтақаи пойтахт маҳдуд мешавад.

Ҳамин тавр, сокинони шаҳракҳои 82, 101, 102, 112 ва маҳаллаҳои Испечак, Қазоқон, Зафар Зарафшон то дарвозаи Ҳисор бе оби ошомиданӣ мемонанд.

Ҳамчунин, дар маҳаллаи Авул ва шаҳракҳои 83, 84, 103 ва 104 фишори обпаст мешавад.

КВД “Обу корези Душанбе” менависад, ки мутахассисони корхона давоми рӯз садамаро бартараф хоҳанд кард.