Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 13:3904.05.2022
Сокинони якчанд маҳаллаи шаҳри Душанбе барои як имрӯз беоб мемонанд, хабар медиҳад КВД «Обу корези Душанбе” дар саҳифаи Фейсбуки худ.
"Рӯзи 4 майи соли равон бинобар сабаби рух додани садама дар шоҳқубури дм 500 мм А. Навоӣ, назди маркази савдои "Релакс" интиқоли оби нушокӣ қатъ карда мешавад", - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ки бино ба сабаби ин садама интиқоли об барои 9 минтақаи пойтахт маҳдуд мешавад.
Ҳамин тавр, сокинони шаҳракҳои 82, 101, 102, 112 ва маҳаллаҳои Испечак, Қазоқон, Зафар Зарафшон то дарвозаи Ҳисор бе оби ошомиданӣ мемонанд.
Ҳамчунин, дар маҳаллаи Авул ва шаҳракҳои 83, 84, 103 ва 104 фишори обпаст мешавад.
КВД "Обу корези Душанбе" менависад, ки мутахассисони корхона давоми рӯз садамаро бартараф хоҳанд кард.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
9 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
3 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад