Як корманди Донишгоҳи миллӣ бо пора дастгир ва тибқи қонуни афв озод шудааст
Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон аз боздошти як корманди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Даврон Эгамов бо гумони талаби пора ба маблағи 2,5 ҳазор доллари америкоӣ хабар медиҳад. Ин ниҳод мегӯяд, баъди боз шудани парванда нисбати ӯ қонуни авфи моҳи сентябри соли 2021 татбиқ ва парванда қатъ шудааст.
Сомонаи расмии Оҷонсии зиддифасод навиштааст, ки Даврон Эгамов замоне ки дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ дар Раёсати таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор мекард, бо истифодаи мақоми хизматиаш аз як шаҳрванд барои дохил намуданаш ба шуъбаи ғоибонаи факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ 2500 доллари амрикоӣ талаб намудааст.
Ба таъкиди ин ниҳод, Эгамов ҳангоми гирифтани маблағ дар ҷойи ҳодиса боздошт гардида, маблағҳои мазкур ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.
– Оиди ҳолати мазкур нисбати Эгамов Даврон Абдуҳабибович бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, бинобар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» парвандаи ҷиноятӣ нисбати номбурда бо дастрасии талаботи моддаи 27 қисми 1 сархати 4 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуд,- навиштааст Оҷонсии зиддифасод.
Ин модда ҷазои аз 5 то 8 соли зиндон пешбинӣ мекунад.
Як зани тоҷикро дар Украина бо ҷурми терроризм дастгир карданд
Дар Украина як шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми иртибот бо террористон боздошт шудааст. Дар ин бора хадамоти марзбонии Украина дар сафҳаи Facebook-аш хабар додааст.
Ҳодиса дар фурудгоҳи Одесса рух додааст. Гуфта мешавад, ки ҳангоми убури марз сарҳадбонон шаҳрванди Тоҷикистонро тафтиш кардаанд. Ҳангоми дақиқ кардани шахсияти ӯ маълум шуд, ки маълумоти зани 32-сола дар махзани Интерпол мавҷуд аст.
“Шаҳрванди Тоҷикистон барои ширкат дар созмони террористӣ таҳти пайгард қарор дорад”, – омадааст дар хабари ниҳоди украинӣ.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки боздоштшуда ба пулис супурда шуд ва марзбонон низ ба намояндагии Интерпол дар Киев хабар додаанд.
Ҷузъиёти дигари боздошти ин зани тоҷик хабар дода нашудааст.
Мавриди зикр аст, қаблан Интерпол як зодаи Тоҷикистонро, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, дар фурудгоҳи Ӯзбекистон боздошт кард.
Ин марди 38-сола бо гумони қаллобӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт.
Қаблан полковник Шаҳриёр Назриев, сардори бюрои байналмилалии “Интерпол”-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки феълан дар истеҳсолоти бюро парвандаи 3 ҳазору 140 нафар қарор доранд, расман таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ мебошанд.
Ӯ таъкид намудааст, ки раванди ҷустуҷӯ таҳти назорат қарор дошта, ҳамкорӣ бо кишварҳои узви дигари “Интерпол” дар ин самт идома дорад.
Консулгарии Тоҷикистон дар Алмато ба дунболи тоҷикони гумшудаву дастгиршуда аст
Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Алматои Қазоқистон аз тоҷикони бурунмарзӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин шаҳр кору таҳсил менамоянд, хоҳиш кардааст, ки дар робита ба бедарак ва ё дастгир шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар хабар диҳанд.
Консулгарӣ бо нашри эълон дар саҳифаи расмиаш дар “Фейсбук” навиштааст, ки ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд, дар робита ба маълумоти қобили таваҷҷуҳ дар мавриди ҳодисаҳои охири Қазоқистон ба телефонҳои боварии Консулгарии генералӣ: +77272697059 ва +77775883115, инчунин суроғаи электронии намояндагӣ “[email protected]” хабар диҳанд.
Талаби консулгарии Алмато дар мавриди хабар додан аз бедарак ва ё дастгир шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар робита ба ҳаводиси охири Қазоқистон дар ҳолест, ки аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, то ба ҳол дар мавриди зарар дидан ва ё гум шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи ҳодисаҳои охири Қазоқистон маълумоте дастрас нест.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки онҳо дар якҷоягӣ бо сафорат ва консулгарии Тоҷикистон дар ин кишвар талош намуда истодаанд, ки дар робита ба ин масъала маълумот дастрас кунанд.
– Нашри эълон дар мавриди гум шудан ва ё дастгир шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи ҳаводиси охири Қазоқистон дар Алмато ҳам идомаи чунин чорабиниҳо аст. Дар сурати муроҷаит мо онҳоро ба қайд мегирем ва иттилоъ медиҳем,- гуфтанд аз ВКХ Тоҷикистон.
Дар пайи даргириҳо дар Алмато бархе ҳамсояҳои ин кишвар, аз ҷумла Қирғизистон аз нопадид ва ҳатто дастгир шудани шаҳрвандонашон дар пайи ин ҳаводис хабар дода буданд.
Дар Қазоқистон, ки гуфта мешавад садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон низ кору таҳсил мекунанд, бо сабаби гарон шудани нархи гази моеъ аз аввали моҳи январ мардум ба эътироз баромаданд. Ин эътирозҳо ба хушунат печиданд.
Рустами Эмомалӣ: “То моҳи март камбудиҳои сохтмони иншоот бартараф карда шавад”
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҷаласа доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе аз сохтмони иншоот дар пойтахт изҳори норозигӣ карда, даъват намуд, ки дар муддати якчанд моҳ камбудиҳо дар ин самт бартараф карда шаванд.
Тавре ки маркази матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, Рустами Эмомалӣ зикр кард, ки солҳои ахир сохтмони манзил барои аҳолӣ зиёд шуда, дар баробари ин сифати сохтмонро беҳтар кардан лозим аст, то ки биноҳои сохташуда ба насли оянда муддати тӯлонӣ хидмат кунанд.
“Иншооту биноҳои шаҳр бояд бо усули замонавӣ ва бо дарназардошти санъати баланди меъморӣ, зебо ва бо сифати баланд бунёд карда шаванд, то ки ба наслҳои оянда садсолаҳо хизмат расонанд”, – таъкид дошт ӯ.
Ба гуфтаи раиси пойтхт, дар сохтмони манзил ширкатҳо меъёрҳоро риоя намекунанд ва дар ин робита кори комиссияҳои қабули давлатии иншооту биноҳо беҳбудиро тақозо менамояд.
“Зеро аксар вақт биноҳо бе инобати роҳҳои зарурӣ, майдончаҳои бозии кӯдакон, шароит барои маъюбон, таваққуфгоҳҳо бунёд карда мешаванд”, – изҳор дошт ӯ.
Гуфта мешавад, вобаста ба ин, ба муовини якум ва сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳо андешанд.
Зимнан зикр шуд, ки соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба маблағи 7 млрд сомонӣ 182 иншооти ҷашнӣ ва дигар биноҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.