Сел дар Рӯшон: 68 хонавода ба макони бехавф кӯчонида шуданд
Баъд аз зуҳри 24 август дар деҳаи Шуҷанди ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшон сел омада, вориди 2 хонаи истиқоматӣ шуд ва ба иншоотҳои ёрирасон, заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ зарар расонд. Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, сел дар як замон ҷараёни об дар канали НБО-и деҳаи Шуҷандро ба дарозии 100 метр бастааст.
Гуфта мешавад, ки бо мақсади роҳ надодан ба талафоти ҷонӣ 68 хоҷагӣ бо шумораи 143 нафар ба МТМУ-и №10 ва хонаҳои хешу таборонаш ба ҷойи бехавф кӯчонида шудаанд.
“Барои бартараф намудани паёмадҳои офати табиӣ аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи ноҳияи Рӯшон 3 адад техникаи муҳандисӣ, 2 адад боркунаки фронталӣ ва 1 адад экскватор ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, корҳои бартарафсозӣ дар ин самт идома доранд”, – омадааст дар хабар.
Ба иттилои манбаъ рӯзи 25 август 68 хоҷагие, ки бар асари хавфи офатҳои табиӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда буданд, ба хонаҳои истиқоматии худ баргаштанд.
Зикр мегардад, ки дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия фаъолият намуда, зарари аз офати табиӣ расидаро муайян мекунад.
Як зан дар Истаравшан мехост писари ду солаашро фурӯшад
Зани 27-сола, модари 3 фарзанд аз Истаравшан ба кӯшиши фурӯши писари 2-солаи худ ба як марде аз ноҳияи ҳамсояи Ҷаббор Рауслов гумонбар дониста мешавад. Фарзанди худро ӯ 40 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 4 ҳазор доллар) “нарх гузошта буд”. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар гузориши телевизионии ҳафтаинаи худ – “Ахбори ВКД” хабар дод.
Гуфта мешавад, кормандони милитсияи ноҳияи Ҷаббор Расулов Мақсуда Юсуфоваро рӯзи 15 август дар бозори маҳаллии “Ашроф” ҳангоми аз харидор гирифтани пешпардохт ба ммаблағи 10 ҳазор сомонӣ боздошт кардаанд.
Ба гуфтаи сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Акбар Шарифӣ, ба кормандони милитсия маълумот расидааст, ки Юсуфова бо сокини ин ноҳия дар бораи фурӯши кӯдак гапзанон кардаанд ва онҳо тасмим гирифтаанд, ки барои боздошти зан бо далели шайъӣ, як қатор чорабиниҳо роҳандозӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Акбар Шарифӣ мегӯяд, агар қаблан дар ҳолатҳои фурӯши кӯдакон ба ҳайси гунаҳкор “занони гумроҳшуда” ба хотири шарманда нашудан ба даст меафтоданд, пас вазъияти марбут ба Мақсуда Юсуфова аз онҳо комилан фарқ мекунад, зеро ӯ фарзанди қонунии аз собиқ шавҳараш таваллудшударо фурӯхтан мехост.
Дар гузориш Мақсуда Юсуфова изҳор мекунад, ки пештар писарашро ба интернат супорида, лекин баъдан аз онҷо гирифтааст.
Кӯдакеро, ки ӯ фурӯхтан мехост, фарзанди сеюми оила будааст. Шавҳараш аз ӯ ҷудо шуда, зан бо се кӯдак яккаву танҳо мемонад. Зан иқрор мешавад, ки аз фурӯхтани фарзанди хурдиаш каме пул ба даст оварданӣ будааст…
Нисбат ба Юсуфова мутобиқи моддаи 167 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Хариду фурӯши ноболиғон) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар сурати исботи гуноҳаш, ӯ ба муҳлати аз 5 то 8 соли зиндон маҳкум шуда метавонад.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид: Итминон медиҳем, ки аз хоки Афғонистон ба ҳамсояҳо хатар таҳдид намекунад
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон* зимни як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя таҳдид намекунад, иттилоъ медиҳад шабакаи телевизионии Ariana News.
“Сад дар сад итминон медиҳем, ки аз хоки Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя ва минтақа, аз ҷумла Русия ҳеҷ таҳдиде сурат намегирад”, – иброз дошт Муҷоҳид.
Ӯ дар идома гуфт, ки Имороти исломӣ ба хотири суботи кишвари худ, оромиши мардуми он вазифадор аст, то амнияти комилро дар Афғонистон таъмин кунад.
“Афғонистон ҷое нест, ки кадом кишвари дигаре аз он ҷо таҳдид шавад ва ё хатареро эҳсос кунад”, – илова кард сухангӯи Толибон*.
Изҳороти сухангӯи Толибон* дар ҳоле интишор меёбад, ки дирӯз хабаргузории EADaily бо истинод ба Марс Сариев, сиёсатшиноси қирғиз навишт, ки “то моҳи октябри соли ҷорӣ гурӯҳҳои террористӣ аз Афғонистон метавонанд ба Осиёи Марказӣ ва маҳз ба Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона анҷом диҳанд”.
“Нерӯҳои НАТО барои Толибон* бисёр аслиҳа ва техникаи низомӣ боқӣ гузоштанд. Дар баробари ин, ҳаракат таҷрибаи мусбати идоракунии давлатӣ ва таъмини ҳаёти осоишта надорад. Фикр мекунам, стратегҳои Ғарб ба он умед мебанданд, ки Толибон* аз ӯҳдаи идораи кишвар набаромада, барои ҷангидан ба кишварҳои ҳамсоя мераванд. Яъне он чиро, ки аз ҳама беҳтар аз дасташон меояд, анҷом хоҳанд дод”, – иқтибос овард ин хабаргузорӣ.
Ин хабаргузорӣ ҳамчунин бо истинод ба Сайфулло Сафаров, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, гуфт, пас аз ба қудрат расидани Толибон* таҳдидҳо дар минтақа ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.
“Онҳо ба амнияти Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”, – иброз доштааст Сайфулло Сафаров.
Илова бар ин, дирӯз сомонаи “Военное дело” навишт, ки бино ба мушоҳидаи онҳо, “Толибон* қувваҳои ҷангӣ ва техникаи ҳарбии худро ба сарҳади Тоҷикистон наздик меоранд”.
Ҳамчунин, пойгоҳи иттилоотии “Avia.pro” навишт, ки “таҳдид ҷиддӣ ва воқеӣ ба назар мерасад, чун агар қаблан дар минтақаҳои ҳамсарҳад бо Тоҷикистон танҳо дастаҳои бузурги ҷанговарон дида мешуданд, ҳоло мушоҳида мешавад, ки тахникаи ҳарбӣ низ интиқол медиҳанд ва ин аз омодагии ҳуҷуми ҷиҳодиҳо гувоҳӣ медиҳад”.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Боз як футболбози тоҷик ба тими “Нафт”-и Эрон гузашт
Футболбози тоҷик Шериддин Бобоев тими “ Мақтаарал”-и Қазоқистонро тарк карда, ба дастаи “Нафт”-и Эрон гузашт. Дар ин бора агенти расмии футболбоз Кова Тилавпур дар телеграм-канали худ хабар дод.
“Ҳамааш тахт шуд! Бо хушнудӣ хабар медиҳам, ки мизоҷи “КТ” (Кова Тилавпур – эзоҳ), бозингари мунтахаби футболи Тоҷикистон Шериддин Бобоев бо дастаи “Нафт”-и Эрон қарордод баст. Қарордод ба муҳлати 1 сол ба имзо расид. Барору комёбӣ мехоҳам”, – навиштааст Тилавпур.
Айни замон Бобоев аз федератсияи маҳаллӣ иҷозатнома (литсензия) интизор аст, то ки дар ҳайати дастаи нав ба майдон барояд.
Портали “Трансмаркет” нархи футболбоз Шериддин Бобоевро 250 ҳазор евро арзёбӣ кардааст.
Дастаи”Санъат-Нафт”-и шаҳри Теҳрон пас аз ду даври чемпиоанти Эрон миёни 16 тим зинаи 15-умро ишғол мекунад.
Ҳамлагари мунтахаби футболи Тоҷикистон сеюмин футболбози тоҷик аст, ки пас аз Ваҳдат Ханнонов (ДФ “Персеполис”) ва Эҳсони Панҷшанбе (ДФ “Зоб Оҳан”) ба дастаи Эрон гузашт.
Шериддин Бобоев 21 апрели соли 1999 таваллуд шудааст. Соли 2018 дар ҳайати “Истиқлол”-и Душанбе ба унвони қаҳрамони кишвар соҳиб гардида, инчунин нишонзани беҳтарини чемпионати Тоҷикистон шуд.
Соли 2017 бори аввал дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо Непал бозӣ карда, баъдтар ба тими “Пиканг” аз Суперлигаи Малайзия гузашт.