fbpx

Як тоҷиктабор дар ҳукумати Қирғизистон вазир шуд

Равшанбек Собирови 54-сола раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи Абудабдуллоҳ Рӯдакӣ мебошад.


0
Равшанбек Собиров. Акс: Радиои Озодӣ

Парлумони Қирғизистон номзадии Равшанбек Собировро ба мансаби иҷрокунандаи вазифаи вазири меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон қабул кард.

Фармони ба ин мансаб таъйин кардани ӯро 4-уми декабр Содир Жапаров, президенти Қирғизистон имзо карда буд, хабар медиҳад “Кактус медиа”.

Равшанбек Собирови 54-сола раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи Абудабдуллоҳ Рӯдакӣ мебошад.

Собиров то ин замон дар чанд мансабҳои баланди ҳукумати Қирғизистон кор кардааст.

Соли 2010 аз Ҳизби “Ота Макон” вакили “Жогорку Кенеш” (парлумони Қирғизистон) интихоб шуд. Соли 2011 аввалин вазири тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон – вазири рушди иҷтимоӣ интихоб гардид.

Ӯ соли 2012 бо гумони ришваситонӣ зиндонӣ ва соли 2014 бар асоси қонуни авф озод шуд. Собиров парвандаашро дорои ангезаҳои сиёсӣ ва сохта медонад. Баъдан ӯ комилан бегуноҳ эълон шуд.

Равшанбек Собиров ба тими Содир Жапаров пайваст ва соли 2020 ба ҳукумат баргашт. То феврали соли 2021 муовини сарвазир ва то октябри соли 2021 мушовири президент буд.

Дар интихоботи парлумонӣ дар моҳи ноябри соли 2021 аз тарафи ҳизби “Ота Ҷурт – Қирғизистон” вакил интихоб шуд.

Ӯро соли 2022 раиси Агентии миллии сармоягузории ин кишвар таъйин карданд. Пас аз шаш моҳ аз ин мансаб истеъфо дод.

Равшанбек Собиров соли 1970 дар ноҳияи Қаросуи вилояти Оши Қирғизистон дар оилаи тоҷик таваллуд шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend